Шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон дар Русия дигар эътибор надорад

Алина Валамат-Заде, Asia-Plus

Аз 1-уми апрели соли 2024 дар Русия тағйирот ба Қонуни федералӣ “Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ” мавриди амал қарор мегиранд. Тағйироти зиёд дар назар аст: онҳо ба супоридани имтиҳон, сангинтар кардани ҷазо барои дар ҳолати мастӣ идора кардани автомашина ва ғайра дахл доранд.

Яке аз тағйироти муҳим ба он дахл дорад, ки эътироф нашудани шаҳодатномаҳои ронандагии миллӣ ва байнулмилалӣ оғоз мегардад.

Чаро ҷорӣ намудани чунин қоида зарур омад?

Чунин шуморида мешавад, ки ҳарчанд ронандагони дорои шаҳодатномаи хориҷӣ ё байнулмилалӣ аллакай таҷрибаи амалии идоракуниро дошта бошанд ҳам, ба ҳар ҳол Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар кишварҳои гуногун фарқ мекунад, масалан, аломатҳои роҳ ё нишондиҳандаҳо. Аз ин рӯ, барои хориҷиен беҳтар аст, ки хусусиятҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳи маҳаллиро омӯзанд.

Ғайр аз ин, ҳолатҳое кам нестанд, ки ронандагони дорои шаҳрвандии Русия, вале бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ аз муоинаи ҳатмии тиббӣ худдорӣ мекунанд. Шаҳрвандони Русия бояд ҳар 10 сол як маротиба аз он гузаранд, лекин хориҷиён бидуни ин санҷиш аз ҳуҷҷатҳои худ дар Русия “бемуҳлат” истифода мебаранд.

Ин "ҷазо" барои ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” аст?

Не. Аввалан, ҳама гуна шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ ё байналмилалӣ беэътибор дониста мешаванд, натанҳо барои сокинони Тоҷикистон. Раванди ба даст овардани шаҳодатномаи ронандагӣ барои худи русҳо низ мушкилтар мешавад.

Гузашта аз ин, сарфи назар аз эътибор пайдо кардани қарори мазкур аз 1 апрел, он ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта қабул шуда буд.

Ман шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро дорам, акнун наметавонам дар Русия ронандагӣ кунам?

Бале, аммо дарҳол не, шумо ҳоло ҳам вақт доред! Дар баъзе ҳолатҳо барои иваз як сол муҳлат дода мешавад.

Шаҳодатномаи ронандагӣ дар чунин ҳолатҳо беэътибор мешаванд:

– пас аз як сол аз лаҳзаи гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ё дарёфти шаҳрвандии Русия;

– пас аз як сол аз лаҳзаи вуруди соҳиби он барои иқомати доимӣ дар Русия, ки шаҳрванди Русия мебошад.

Масалан, агар то 1 апрели соли 2024 ронанда беш аз як сол шаҳрванди Русия ҳисобида шаваду бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ воситаи нақлиёташро идора кунад, пас ба ӯ лозим меояд, ки ҳуҷҷаташро фавран иваз намояд. Агар ӯ танҳо як моҳ пеш шаҳрвандӣ гирифта бошад, барои иваз кардани ӯ 11 моҳи дигар вақт ҳаст.

Оё истисноҳо вуҷуд доранд?

Истисно танҳо барои шаҳрвандони Беларус пешбинӣ шудааст.

Пас чӣ бояд кард?

Лозим меояд, ки шаҳодатномаи ронандагиро иваз кунед.

Агар шумо мошини сабукрав дошта бошед, барои ин шумо бояд дар Сарнозироти Бехатарии ҳаракат дар роҳ (ГИБДД) аз назария имтиҳон супоред. Имтиҳони амалӣ супоридан лозим намеояд.

Аммо агар ният дошта бошед, ки ронандаи автобус, автомашинаҳои боркаш ё қатораҳои воситаҳои нақлиёт мешавед, пас имтиҳони амалиро низ супоридан даркор меояд.

Инчунин, сарфи назар аз категорияҳои шаҳодатнома, аз муоинаи тиббӣ гузашта зарур аст.

Муоинаи тиббӣ аз чиҳо иборат аст?

Аз муоинаи табибон, аз ҷумла духтури чашм, равоншинос, табиби бемориҳои нашъамандӣ (нарколог) ва инчунин терапевт гузаштан лозим меояд. Агар шумо ният дошта бошед, ки ронандаи автобус ё мошинҳои боркаш мешавед, дар ин ҳолат низ аз муоинаи  асабшинос (невролог) гузаштан лозим аст.

Чӣ мешавад, агар ман бо шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон ба корам идома диҳма ва онро иваз накунам?

Ба ронандагон аз 5 то 15 ҳазор рубл ҷарима таҳдид мекунад (аз рӯи қисми 1. моддаи 12.7 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ). Ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...