Гумонбари даҳум дар ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” ҳабс шуд

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав дирӯз, 1-уми апрели соли 2024, Ёқубҷон Юсуфзода, як зодаи Тоҷикистонро дар пайванд ба ҳамла ба толори “Крокус Сити Ҳолл” то 22-юми майи имсол ба ҳабс гирифт Кумитаи тафтишотии Русия Ёқубҷон Юсуфзодаро ба он муттаҳам кард, ки чанд рӯз пеш аз ҳамла барои таъмини гумонбарон бо ҷой “тавассути корти бонкӣ ба […]

Asia-Plus

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав дирӯз, 1-уми апрели соли 2024, Ёқубҷон Юсуфзода, як зодаи Тоҷикистонро дар пайванд ба ҳамла ба толори “Крокус Сити Ҳолл” то 22-юми майи имсол ба ҳабс гирифт

Кумитаи тафтишотии Русия Ёқубҷон Юсуфзодаро ба он муттаҳам кард, ки чанд рӯз пеш аз ҳамла барои таъмини гумонбарон бо ҷой “тавассути корти бонкӣ ба як шарикаш пул фиристодааст”.

Муфаттишон гуфтаанд, як қисми пул “баъд аз содир шудани ҷиноят ба ҳисоби яке аз ҳамлаварон гузаронда шуд”. Тасдиқи он аз манобеи дигар имконпазир нест.

Дафтари матбуоти Додгоҳи Басманний хабар дода, ки нисбат ба Ёқубҷон Юсуфзода бар асоси банди “б”-и қисми 3-и моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Русия (амали террористӣ) айб эълон шудааст.

Мурофиа паси дарҳои баста гузашт. Назари худаш ё наздикону вакили мудофеъ ва ҷузъиёти парванда дастрас нест.

Саҳифаи “Маш” дар Телеграм нигоштааст, ки Ёқубҷон Юсуфзода ҳангоми амалиёти “Нелегал” ва тасодуфан рӯзи 26-уми март дастгир шуда, сипас робитааш бо ҳамлаварон ошкор гаштааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав шоми рӯзи 22-юми март рух дод. Чор нафари мусаллаҳ вориди ин бино шуда, ба сӯйи одамон тир холӣ карданд. Мақомоти Русия гуфтанд, дар пайи ин ҳамла то ин лаҳза 140 нафар ҷон бохта, беш аз 180 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дар робита ба ин ҳодиса дар умум, ба иттилои мақомоти Русия, 11 нафар боздошт шудааст. Аз ҷумла, чор нафар – Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов ба он гумонбаранд, ки бевосита дар “Крокус Сити Ҳолл” тирпарронӣ карданд. Ҳар чор нафари онҳо 24-уми март бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Басманний барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Ҳамин додгоҳ рӯзи 25-уми март се нафари дигар – Аминҷон Исломов, Диловар Исломов ва Исроил Исломов ҳам дар пайванд ба ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” ба ҳабси пешакӣ гирифт. Онҳо барои дастрас кардани мошин ва пешниҳоди ҷойи зист ба гумонбарони ҳамла муттаҳам мешавад. Баъдтар, падару писар – Аминҷон ва Исроил Исломовҳо аз ҳукми додгоҳ шикоят карданд.

Нафари ҳаштум Қосимов Алишер Ҳотамович, сокини 32-солаи Қирғизистон, 26-уми март аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Басманний то охири моҳи май ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ ба он муттаҳам шуд, ки ба Фаридуни Шамсиддин манзилеро ба иҷора додааст.

Дар бораи нафари нӯҳуми ба ҳабс гирифта Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки ӯ ҳамларо маблағгузорӣ кардааст. Аммо шахсияту табаияти ӯро ошкор накард.

Бояд гуфт, ҳамаи онҳо дар як шароити мармуз боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио