Деваштич: Марде зану хушдоманашро бо табар куштааст

Марде дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд зан ва хушдоманашро бо табар куштааст. Мард, ки занашро талоқ дода будааст, як ҳафта пеш аз куштор, бидуни бекор кардани ақди никоҳи расмӣ бо ҳамсари қонуниаш, занеро ба никоҳаш дароварда, ба хона овардааст ва ин боиси сар задани ҷанҷол миёни ӯ ва занаш гардидааст, ки бо қатли дуюми анҷомидааст. […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Марде дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд зан ва хушдоманашро бо табар куштааст. Мард, ки занашро талоқ дода будааст, як ҳафта пеш аз куштор, бидуни бекор кардани ақди никоҳи расмӣ бо ҳамсари қонуниаш, занеро ба никоҳаш дароварда, ба хона овардааст ва ин боиси сар задани ҷанҷол миёни ӯ ва занаш гардидааст, ки бо қатли дуюми анҷомидааст.

Санҷар Шерматов, муовини раиси ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштич, ки ҳодиса дар он ҷо рух додааст, гуфт, ҳодиса як ҳафта пеш, 24-уми март иттифоқ афтодааст.

“Он рӯз Ҳ.М. ба саҳро мерафтааст ва дар роҳ зани дар ақди никоҳи расмиаш буда, аммо ҷудо мезистаашро бо модараш дида, баъди сар задани муноқиша, ҳардуи онҳоро бо табар задааст. Занаш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, хушдоманаш пас аз интиқол ба бемористон, ҷон додааст”, – гуфт Санҷар Шерматов.

Ҳодисаро дар Шӯъбаи корҳои дохилии ВКД дар ноҳияи Деваштич тасдиқ карданд, аммо бо баҳонаи идомаи тафтишот, аз пешниҳоди маълумоти бештар худдорӣ намуданд.

Назари худи муттаҳам ва пайвандони ӯ дастрас нест. Ҳамчунин, маълум нест, ки ӯ вакили дифоъ дорад ё не.

Санҷар Шерматов зикр кард, ки Ҳ.М. бо ҳамсараш чандин сол зиндагии якҷоя дошта, соҳиби се фарзанд низ будаанд. Аммо чанде пештар, дар пайи муноқишаи оилавӣ, занашро талоқ дода, аммо аз ӯ расман, тавассути ҳалномаи додгоҳ, ҷудо нашуда будааст.

Бояд гуфт, ки дуюмин ҳодисаи куштори ҳамсар аз ҷони шавҳар дар вилояти Суғд дар моҳи март аст. Нӯҳ рӯз пеш аз ин ҳодиса, 15-уми март, Фотима Сатторова, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ҳомила будааст, аз дасти шавҳараш кушта шудааст.

Пештар аз ин, сокини 28-соли ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ҳамсарашро дар заминаи рашк ба қатл расонида, барои 17 сол равонаи зиндон шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.