Дар Туркия як шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони ҳамлаи террористӣ боздошт шуд

Дар Туркия як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм ва ба гумони омода кардани ҳамлаи террористӣ боздошт шуд. Дар ин бора рӯзномаи туркии “Ҳуррият” хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, дар Истанбул хадамоти вижаи Туркия ду узви ДОИШ* – як шаҳрванди Қирғизистон ва як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд. “Боздоштшудаҳо қасди як ҳамлаи террористиро дар Истамбул доштанд”, – […]

Asia-Plus

Дар Туркия як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм ва ба гумони омода кардани ҳамлаи террористӣ боздошт шуд. Дар ин бора рӯзномаи туркии “Ҳуррият” хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар Истанбул хадамоти вижаи Туркия ду узви ДОИШ* – як шаҳрванди Қирғизистон ва як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд.

“Боздоштшудаҳо қасди як ҳамлаи террористиро дар Истамбул доштанд”, – гуфтаанд мақомоти амниятии Туркия.

Ҳангоми кофтуков мақомоти амниятӣ дар манзиле, ки гумонбарон зиндагӣ мекарданд, либоси пулис, чароғ, ғилофи корд ва таппонча пайдо кардаанд.

Гуфта мешавад, ки яке аз онҳо боздошт ва дигаре ихроҷ шудааст.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи Алӣ Йерликай, вазири корҳои дохилии Туркия, ҳафтаи гузашта тақрибан 200 гумонбари даст доштан дар гурӯҳи террористии ДОИШ* боздошт шуданд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи 28-уми январ дар яке аз калисоҳои католикӣ дар Истанбул ду марди мусаллаҳ аз силоҳ оташ кушода, як нафарро куштанд.

Баъдан хабаргузории ВВС иттилоъ дод, ки мақомоти Туркия дар ин ҳамла шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистонро, ки ба гурӯҳи “Давлати исломӣ”* иртибот доранд, гумонбар донистаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.