47 ҳазор сомонӣ пора гирифт. Як корманди ноҳияи Сино барои қаллобӣ боздошт шуд

Мудири бахши омори ноҳияи Синои Сарраёсати Агенти омор дар шаҳри Душанбе бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт гардид ва бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Ба иттилои Агентии зиддифасод, Ҳукуматзода А.Х. қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии сокини шаҳри Душанбе Давлатов Ҷ.С. даромада, аз номубурда барои аз […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Мудири бахши омори ноҳияи Синои Сарраёсати Агенти омор дар шаҳри Душанбе бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт гардид ва бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Ба иттилои Агентии зиддифасод, Ҳукуматзода А.Х. қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии сокини шаҳри Душанбе Давлатов Ҷ.С. даромада, аз номубурда барои аз мақомоти дахлдори давлатӣ гирифтани иҷозатномаи сохтмони манзили истиқоматӣ 47 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда дидаву дониста аз он ки ваколати додани иҷозатнома барои сохтмонӣ манзили истиқоматиро надорад, аз ҷабрдида ин маблағро талаб намуда, ба манфиати охирон ягон амали муайянро иҷро накарда, онро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст.

Ҳоло нисбати Ҳукуматзода А.Х. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулкии ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.