Баъди тирпаронӣ дар калисои Истанбул сафири Тоҷикистон аз вазири корҳои дохилии Туркия дархости мулоқот кард

Дар пайи таркиш дар калисои католикӣ дар шаҳри Истанбули Туркия ва аз гумонбари он ба ҳайси шаҳрванди Тоҷикистон зикр шудан, Ашрафҷон Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия аз вазири корҳои дохилии ин кишвар дархости мулоқот кардааст. Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Ашрафҷон Гулов, сафири Тоҷикистон дар Анқара барои рӯшани андохтан […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Дар пайи таркиш дар калисои католикӣ дар шаҳри Истанбули Туркия ва аз гумонбари он ба ҳайси шаҳрванди Тоҷикистон зикр шудан, Ашрафҷон Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия аз вазири корҳои дохилии ин кишвар дархости мулоқот кардааст.

Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Ашрафҷон Гулов, сафири Тоҷикистон дар Анқара барои рӯшани андохтан ба қазияи боздошти гумонбари тирпарронӣ дар калисои католикии Истанбул, ки аз ӯ шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда мешавад, аз вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Йерликая расман дархости мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, сафири Тоҷикистон дар Туркия бо кормандони вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар гуфтугӯҳои телефонӣ анҷом додааст, аммо посухи қонеъкунанда нагирифтааст.

“Дар робита ба ин, шӯъбаи дипломатии мо барои рӯшан кардани вазъ ва далели ширкати шаҳрванди мо дар ин ҳодиса мулоқоти сафирро бо вазири корҳои дохилии Туркия дархост кардааст. Аз ин лиҳоз, аз боздоштшудагон шаҳрванди Тоҷикистон ном бурдан бармаҳал аст”, – таъкид карданд дар ВКХ.

Ҳамчунин, сухангӯи ВКХ зикр намуд, ки Сафорати Тоҷикистон дар Анкара ва консулгарӣ дар Истанбул ҳамарӯза маълумоти дақиқи шаҳрванди боздоштшудаи эҳтимолии Тоҷикистонро дархост мекунанд. Аз ҷумла, ин суол рӯшан мешавад, ки оё дар байни афроди дигари боздоштшуда шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳастанд ё на?

Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи якшанбе, 28-уми январ, дар яке аз калисоҳои католикӣ дар Истанбул ду марди мусаллаҳ аз силоҳ оташ кушода, як нафарро куштанд. Би-би-сӣ хабар дод, ки мақомоти Туркия дар ин ҳамла шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистонро, ки ба гурӯҳи “Давлати исломӣ”* иртибот доранд, гумонбар донистаанд.

Тирпарронӣ тақрибан соати 11:40 ба вақти маҳаллӣ дар калисои муқаддаси Марям дар ноҳияи Сариёри Истанбул оғоз шуд.

Дар робита ба ин ҳодиса, айни ҳол даҳҳо нафар, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ боздошт шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.