Тоҷикистон ду қирғизи ба ҷиноятҳои вазнин дастдоштаро ба ихтиёри Қирғизистон супурд

Қурмонқул Зулушев, Додситони кулли Қирғизистон рӯзи 31 январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, Тоҷикистон ду шаҳрванди Қирғизистонро, ки баъди ҳодисаҳои марзӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин боздошт шуда буданд, ба ихтиёри Қирғизистон супурд. Дар ин бора АКИpress хабар медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз алайҳи шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон, ки надониста марзи ду кишварро убур кардаанд, парвандаи ҷиноӣ […]

Қурмонқул Зулушев, Додситони кулли Қирғизистон рӯзи 31 январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, Тоҷикистон ду шаҳрванди Қирғизистонро, ки баъди ҳодисаҳои марзӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин боздошт шуда буданд, ба ихтиёри Қирғизистон супурд. Дар ин бора АКИpress хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз алайҳи шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон, ки надониста марзи ду кишварро убур кардаанд, парвандаи ҷиноӣ вуҷуд надорад.

«Чунин масъалаҳо бо тафоҳум ҳал мешаванд, – афзуд ӯ.- Перомуни ин масъала соли гузашта дар шаҳри Бодканд бо Додситони кулли Тоҷикистон мулоқоти расмӣ доир кардем, дар ҷараёни он тамоми масъалаҳо баррасӣ шуд».

Зулушев хабар дод, ки дар Тоҷикистон 22 шаҳрванди Қирғизистон маҳкум шудаанд. Нисбати 7 шаҳрванди Қирғизистон дархости хешовандон барои интиқол ба Қирғизистон гирифта шуда, онҳо дар Раёсати корҳои байналмилалӣ баррасӣ мешаванд.

Зикр шуд, ки аз ин афрод 20 нафар барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир, 1 нафар барои куштор, 1 нафар барои ҳамкорӣ бо созмони ифротӣ маҳкум шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.