Аз 60 то 190 доллар. Арзиши раводид барои вуруд ба Туркия маълум шуд

Date:

Нархи раводид барои вуруд ба Туркия аз 60 то 190 доллар муқаррар шудааст. Дар ин бора сафорати Туркия дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сафорат ба посухи корбарон дар саҳифаи фейсбукии худ ҷавоб навишт, ки “арзиши раводиди яккаратаи Туркия 60 доллар ва раводиди бисёркарата 190 долларро ташкил медиҳад”.

Аммо онҳое, ки парвози транзитӣ доранд, яъне ба Туркия ворид намешаванд ва тариқи фурудгоҳи ин кишвар ба кишвари сеюм сафар мекунанд, ба гирифтани раводид зарурат надоранд.

Бояд гуфт, ки Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводидро ҷорӣ кард.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, Туркия рӯзи 6-уми апрел ҷониби Тоҷикистонро тавассути роҳҳои дипломатӣ расман аз ин тадбир огоҳ кардааст.

Акнун аз 20-уми апрел шаҳрвандони Тоҷикистонро лозим меояд, ки барои сафар ба ин кишвар раводид дарёфт намоянд.

Қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон метавонистанд бе раводид вориди Туркия шаванд ва 90 рӯз он ҷо бошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...