Аз 60 то 190 доллар. Арзиши раводид барои вуруд ба Туркия маълум шуд

Нархи раводид барои вуруд ба Туркия аз 60 то 190 доллар муқаррар шудааст. Дар ин бора сафорати Туркия дар Тоҷикистон хабар медиҳад. Сафорат ба посухи корбарон дар саҳифаи фейсбукии худ ҷавоб навишт, ки “арзиши раводиди яккаратаи Туркия 60 доллар ва раводиди бисёркарата 190 долларро ташкил медиҳад”. Аммо онҳое, ки парвози транзитӣ доранд, яъне ба Туркия […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Нархи раводид барои вуруд ба Туркия аз 60 то 190 доллар муқаррар шудааст. Дар ин бора сафорати Туркия дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сафорат ба посухи корбарон дар саҳифаи фейсбукии худ ҷавоб навишт, ки “арзиши раводиди яккаратаи Туркия 60 доллар ва раводиди бисёркарата 190 долларро ташкил медиҳад”.

Аммо онҳое, ки парвози транзитӣ доранд, яъне ба Туркия ворид намешаванд ва тариқи фурудгоҳи ин кишвар ба кишвари сеюм сафар мекунанд, ба гирифтани раводид зарурат надоранд.

Бояд гуфт, ки Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводидро ҷорӣ кард.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, Туркия рӯзи 6-уми апрел ҷониби Тоҷикистонро тавассути роҳҳои дипломатӣ расман аз ин тадбир огоҳ кардааст.

Акнун аз 20-уми апрел шаҳрвандони Тоҷикистонро лозим меояд, ки барои сафар ба ин кишвар раводид дарёфт намоянд.

Қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон метавонистанд бе раводид вориди Туркия шаванд ва 90 рӯз он ҷо бошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.