Туркия раводид ҷорӣ кард. Шаҳрвандони Тоҷикистон ба кадом давлатҳо метавонанд бе раводид раванд?

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Туркия аз 20 апрел реҷаи сафари бе раводид (виза) барои шаҳрвандони Тоҷикистонро бекор кард. “Азия-Плюс” рӯйхати кишварҳоеро, ки айни замон байни онҳо бо Тоҷикистон реҷаи сафари бе раводид амал мекунад, ҷамъоварӣ кард. Ва барои кадом категорияҳои шаҳрвандон.

Реҷаи бе раводид чист?

Ин реҷаи муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистон бо як кишвари муйаян аст, ки зимни амали он ба шаҳрвандони ин кишвар барои ба қаламрави кишвари мо ворид шудан раводид лозим нашуда, ҳамчунин барои шаҳрвандони мо низ барои сафар ба ин давлат раводид талаб намешавад.

Реҷаи бидуни раводид метавонад ҳам якҷониба ва ҳам бо тартиби мутақобила (тибқи созишномаи дуҷониба ё бисёрҷониба) роҳандозӣ шавад.

Ҳамчунин барои баъзе навъҳои шиносномаҳо маҳдудият вуҷуд дорад. Масалан, барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ реҷаи бе раводид, барои дорандагони дигар навъҳои шиносномаҳо – раводид ҳатмӣ аст.

Бино ба маълумоти consular.tj, айни замон муносбатҳои пурра бе раводид бо Тоҷикистонро 5 кишвар доранд, боқимонда ё бо муҳлатҳои гуногуни реҷаи бе раводид, ё танҳо барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ё хидматӣ.

Давлатҳои бидуни раводид (18 давлат)

Ба ин категория давлатҳое шомиланд, ки бо Тоҷикистон барои ҳамаи категорияҳои шаҳрвандон реҷаи бе раводид доранд. Яъне шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни зарурати гирифтани раводид (ба баъзе кишварҳо барои муҳлати муайян) метавонанд ба ин давлатҳо сафар кунанд.

Сарфи назар аз мақсади сафар ё навъи шиноснома, ин реҷа барои ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ амал мекунад. Ба ин рӯйхат давлатҳои зерин дохиланд:

Арманистон (ҳамаи навъҳои шиносномаи хориҷӣ – то 90 рӯз)

Озарбойҷон (ҳамаи навъҳои шиносномаи хориҷӣ – то 90 рӯз)

Беларус (ҳамаи навъҳои шиносномаи хориҷӣ – бемуҳлат)

Гурҷистон (ҳамаи навъҳои шиносномаи хориҷӣ – то 1 сол)

Қазоқистон (ҳамаи навъҳои шиносномаи хориҷӣ – бемуҳлат)

Қирғизистон (ҳамаи навъҳои шиносномаи хориҷӣ – бемуҳлат)

Русия (ҳамаи навъҳои шиносномаи хориҷӣ – бемуҳлат)

Ӯзбекистон (ҳамаи навъҳои шиносномаи хориҷӣ – то 30 рӯз)

Молдова (ҳамаи навъҳои шиносномаи хориҷӣ – то 90 рӯз)

Барбадос (ҳамаи навъҳои шиносномаи хориҷӣ – то 28 рӯз)

Гаити (ҳамаи навъҳои шиносномаи хориҷӣ – то 90 рӯз)

Кореяи Шимолӣ (ҳамаи навъҳои шиносномаи хориҷӣ – бемуҳлат)

Эквадор (ҳамаи навъҳои шиносномаи хориҷӣ – то 90 рӯз)

Филиппин (ҳамаи навъҳои шиносномаи хориҷӣ – то 90 рӯз)

Намибия (ҳамаи навъҳои шиносномаи хориҷӣ – то 90 рӯз)

Малайзия (ҳамаи навъҳои шиносномаи хориҷӣ – то 30 рӯз)

Микронезия (ҳамаи навъҳои шиносномаи хориҷӣ – то 30 рӯз).

Давлатҳо бо реҷаи дипломатии раводид ё шиносномаҳои хидматӣ

Ба ин категория 15 кишвар дохиланд, ки дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ метавонанд дар онҳо бе раводид (ё расмиёти сабуки гирифтани он) дар муҳлати зикршуда ҳузур дошта бошанд.

Афғонистон (шиносномаи дипломатӣ -30 рӯз)

Бруней-Доруссалом (шиносномаи дипломатӣ, хидматӣ – то 14 рӯз)

Маҷористон (шиносномаи дипломатӣ, хидматӣ – то 90 рӯз)

Индонезия (шиносномаи дипломатӣ, хидматӣ – то 30 рӯз)

Кореяи Ҷанубӣ  (шиносномаи дипломатӣ, хидматӣ – то 90 рӯз)

Эрон (шиносномаи дипломатӣ, хидматӣ – то 30 рӯз)

Ҳиндустон (шиносномаи дипломатӣ – то 30 рӯз)

Урдун (шиносномаи дипломатӣ – то 90 рӯз)

Чин (шиносномаи дипломатӣ, хидматӣ, шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ барои истифодаи хидматӣ (бо муҳри “хидматӣ” – то 30 рӯз)

Кувейт (шиносномаи дипломатӣ, хидматӣ – то 90 рӯз)

Мексика (шиносномаи дипломатӣ – то 90 рӯз)

Амороти Муттаҳидаи Араб (шиносномаи дипломатӣ, хидматӣ – то 90 рӯз)

Покистон (шиносномаи дипломатӣ – то 90 рӯз)

Руминия (шиносномаи дипломатӣ, хидматӣ – то 90 рӯз)

Таиланд (шиносномаи дипломатӣ, хидматӣ – то 90 рӯз)

Туркманистон (шиносномаи дипломатӣ – то 30 рӯз).

Боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон зимни сафар ба ин кишварҳо бояд раводид дарёфт кунанд.

Ёдрас мекунем, ки Туркия қаблан ба рӯйхати кишварҳои бидуни раводид шомил буд: шаҳрвандони Тоҷикистон метавонистанд бе раводид вориди Туркия шаванд ва 90 рӯз он ҷо бошанд. Рӯзи 6 апрел ҷониби Туркия бо роҳҳои дипломатӣ Тоҷикистонро расман огоҳ намуд, ки аз 20 апрел пеш аз сафар ба ин давлат шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд аз намояндагии дипломатии Туркия дар Душанбе раводид гиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...