Вазорати рушди иқтисод: “Даромади тоҷикистониён 113 баробар зиёд шуд!”

Аз соли 2000-ум то 2023-юм сарфи назар аз омилҳои беруна, рушди иқтисоди кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,7% таъмин шуд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 млрд сомонии соли 2000 то ба 130,8 млрд сомонӣ дар соли 2023 ва даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 млрд то 113 млрд сомонӣ ё 113 маротиба афзоиш ёфтанд. […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Аз соли 2000-ум то 2023-юм сарфи назар аз омилҳои беруна, рушди иқтисоди кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,7% таъмин шуд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 млрд сомонии соли 2000 то ба 130,8 млрд сомонӣ дар соли 2023 ва даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 млрд то 113 млрд сомонӣ ё 113 маротиба афзоиш ёфтанд.

Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантантавӣ ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён хабар дод.

Ба гуфтаи вазир, аз ҷумла рушди иқтисоди кишвар дар соли 2023-юм 8,3 фоизро ташкил дод, ки асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12%, кишоварзӣ – 9%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ – 22,5%, боркашонӣ – 16,6%, хизматрасонии пулакӣ – 14,1%, гардиши савдо – 13,4% ва мусофиркашонӣ – 9,8% таъмин гардид.

Завқизода зикр кард, ки ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро “ҳамчун кишвари дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ” арзёбӣ намуданд.

«Ҳадафи олии давлат ва ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад», – изҳор дошт вазир.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.