Як зодаи Тоҷикистон дар Италия бо гумони узвият дар ДОИШ боздошт шудааст

Asia-Plus

Пулиси Италия дар шаҳри Рум як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро бо гумони терроризм ва узвият ба гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ боздошт кардаанд. Дар ин бора хабаргузории ANSA рӯзи 8-уми апрел бо такя ба ситоди пулиси Рум хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ин мард Илҳом Сайраҳмонзода ном дошта, ҳангоми вуруд аз Эйндҳовени Ҳолланд дар фурудгоҳи Фюмичинои Рум боздошт шудааст.

Ситоди пулис мегӯяд, боздоштшуда ба далели ширкаташ дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия дар соли 2014 аз ҷониби Тоҷикистон таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор дошт.

Гуфта мешавад, ки "ӯ узви фаъоли созмони террористӣ буда, бо истифода аз санадҳои қалбакӣ (тахаллуси гуногун ва санаи таваллуд) аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон шуда, худро зодаи Ӯзбакистон, Қирғизистон ё Украина вонамуд мекардааст".

“Ин мард соати 11:45 аз Эйндҳовен ба Фюмичино фуруд омад. Пулис изи ангуштони ӯро гирифта, ба назди як нафаре, ки бо дархости Тоҷикистон “Интерпол” ҷустуҷӯ мекард, бурданд. Ҳаракатҳои ӯ дар фурудгоҳи Фюмисино назорат карда мешуданд, то бубинанд, ки касе ӯро интизор аст ё не. Аммо мард аз маҳалли омадан танҳо ба сӯи қаторе, ки ба Рум мерафт, роҳсипор шуд ва дар ин лаҳза афсарон ӯро боздошт карданд. Аз ӯ як телефони мобилӣ ва ҳудуди ду ҳазор евро пули нақд мусодира шудааст”, – омадааст дар хабар.

Ҳоло муфаттишон умедворанд, ки таҳлили телефони мобилӣ ҳама гуна тамосҳои итолиёвии ин мардро ошкор мекунад.

Дар ҳоли ҳозир дархости Тоҷикистон барои истирдоди ӯ низ баррасӣ мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора ҳоло шарҳе надодаанд.

Вазири корҳои дохилии Италия Маттео Пиантедоси боздошти шаҳрванди Тоҷикистонро "натиҷаи бисёр муҳим" номид, вале дар бораи чӣ гуна таъқиб шудани ӯ тафсилот надод.

Ба гуфтаи ӯ, аз 7 октябри соли гузашта инҷониб беш аз 50 нафар ба далели амниятӣ аз Итолиё ихроҷ шудаанд.

Чанд соли охир исми шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамлаҳои террористӣ дар Эрон, Туркия, Ҳоланд, Олмон ва Австрия расонаӣ мешавад.

Ҳамчунин, ба гумони даст доштан дар ҳамлаи терроритӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав, ки дар пайи он 144 кас куштаву садҳо нафар захмӣ шуданд, даҳ зодаи Тоҷикистон дастгир ва ба ҳабс гирифта шудаанд. Масъулияти онро гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба уҳда гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар аввали моҳи марти имсол дар дидор бо рӯҳониён гуфт, ки тайи се соли охир 24 шаҳрванди Тоҷикистон "дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ даст задаанд".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...