Эмомалӣ Раҳмон гуфт, 24 шаҳрванди Тоҷикистон дар 10 кишвар амалҳои террористӣ анҷом доданд

Дар се соли охир 24 шаҳрванди Тоҷикистон дар 10 кишвари дунё амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ даст задаанд. Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон ва ходимони дин зикр кард. Номбурда аз ҳеҷ ҳодисаи ҷудогона ном набурд ва танҳо гуфт, “ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба обрӯи давлати тоҷикон […]

Asia-Plus

Дар се соли охир 24 шаҳрванди Тоҷикистон дар 10 кишвари дунё амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ даст задаанд. Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон ва ходимони дин зикр кард.

Номбурда аз ҳеҷ ҳодисаи ҷудогона ном набурд ва танҳо гуфт, “ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба обрӯи давлати тоҷикон ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ иснод оварда истодааст”.

Ин нигаронӣ дар ҳолест, ки чанд соли охир дар робита ба ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ташкил ё ҳамдастӣ ба амалҳои террористӣ дар Эрон, Олмон, Туркия ва дигар кишварҳо хабарҳо нашр шмешавад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳоло 4075 шаҳрванди Тоҷикистон барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарор доранд.

Ӯ ба Додситонии кулли кишвар супориш дод, ки дар робита ба баррасии муроҷиатҳои шахсони барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарордошта ситод таъсис дода шавад.

Ба иттилои ӯ, зиёда аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар кишварҳои хориҷӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ширкат кардаанд, кушта шуда, ҳазорон нафари дигар беному нишон гардидаанд.

Президент афзуд, ки дар даҳ соли охир 1640 нафаре, ки дар гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомил буданд, ба ватан баргаштанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо қатъ карда шуданд.

Ба гуфтаи номбурда, танҳо соли 2023-юм 328 нафар ва дар ду моҳи соли равон 140 шаҳрванди Тоҷикистон бо ихтиёри худ ба ватан баргашта, авф шуданд.

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки тайи чанд соли охир чанд хабар дар бораи ширкати шаҳрвнадони Тоҷикистон дар ҳамалҳои террористӣ дар Эрону Туркия ва Олмон расонаӣ шада буд.

Аз ҷумла, ба иттилои мақомоти Эрон дар таркиши рӯзи 3-юми январ дар музофоти Кирмони Эрон, ки боиси кушта шудани 89 кас ва захмӣ гардидани садҳо нафар шуд, ду шаҳрванди Тоҷикистон низ даст доштанд.

Соли гузашта ҳам як шаҳрванди Тоҷикистон дар таркише дар зиёратгоҳи Шаҳчароғ даст дошт, ки баъдан ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Ҳамчунин, чанде пеш дар пайи як ҳамалаи террористӣ ба калисои католикӣ дар Туркия яке аз гумонбарон шаҳрванди Тоҷикистон гуфта мешуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.