8 соат дар як шабонарӯз. “Лимит”-и барқ расман тасдиқ ва танзим шуд

Дар Тоҷикистон маҳдудияти барқ ё худ “лимит” ба чаҳорчӯба даромад ва бо фаро расидани моҳи Рамазон сокинони кишвар 4 соат субҳ ва 4 соати дигар шом бо барқ таъмин мешаванд. Арвинд Гуҷрал, мудири кулли ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар ин робита ба ҳама раҳбарони филиалҳои ин ширкат барқияи фаврӣ равон кардааст. Дар он гуфта мешавад, […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон маҳдудияти барқ ё худ “лимит” ба чаҳорчӯба даромад ва бо фаро расидани моҳи Рамазон сокинони кишвар 4 соат субҳ ва 4 соати дигар шом бо барқ таъмин мешаванд.

Арвинд Гуҷрал, мудири кулли ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар ин робита ба ҳама раҳбарони филиалҳои ин ширкат барқияи фаврӣ равон кардааст.

Дар он гуфта мешавад, ки ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон аз 11 март ба аҳолӣ дар шабонарӯз 8 соат барқ бидиҳанд.

“…аз 11-уми марти соли 2024 то ҳолати бартараф гардидани маҳдудияти нерӯи барқ, хамарӯза соатҳои 04:00 – 08:00 ва 17:00 – 21:00 аҳолии мамлакатро пурра бо барқ таъмин намоед”, – супориш додааст Гуҷрал.

Дар музофоти Тоҷикистон, ки ҳудуди 70%-и аҳолии кишвар дар онҷо зиндагӣ мекунад, аз 20-уми сентябри соли 2023 нерӯи барқ ​​бо маҳдудият интиқол дода мешавад.

Ғайр аз ин, дар охири фасли зимистон ва аввали фасли баҳор дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ҳам маҳдудияти барқ ҷорӣ шудааст. Ҳоло ҳам дар пойтахт шабона интиқоли барқ то 2-3 соат қатъ мегардад.

Ба гуфтаи Маҳмадумар Асозода, директори “Барқи тоҷик”, бекор кардани “лимит” ё маҳдудияти интиқоли барқ айни замон ғайриимкон буда, ба вазъи обуҳаво ва ҳаҷми резиши об ба обанбори нерӯгоҳи “Норак” вобаста аст.

Асозода моҳи феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон барои истеҳсоли барқ танҳо обанбори нерӯгоҳи “Норак” истифода мешавад ва аз сабаби паст шудани оби он маҷбур шудаанд, ки дар интиқоли барқ ба аҳолӣ маҳдудият ё “лимит” ҷорӣ кунанд.

“Вобаста ба он ки барои истифодабарӣ дар давраи тирамоҳу зимистон танҳо нерӯгоҳи “Норак” боқӣ мондааст, пешгӯӣ намудани он ки “лимит” кай бекор карда мешавад, албатта, ғайриимкон мебошад”, – гуфт номбурда.

Ӯ санаи мушаххаси пурра бекор кардани маҳдудияти барқро нагуфт ва танҳо зикр кард, ки “вобаста ба сардӣ ё гармии ҳаво ва ҳаҷми резиши об дар обанбор муайян карда мешавад”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2023 аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷа беш аз 2,6 млрд кВт. соат барқ содир шудааст, ки назар ба соли 2022 124 млн кВт. соат бештар аст.

Харидорони асосии барқи Тоҷикистон дар соли 2023:

  • Афғонистон – 1 млрд, 624 млн кВт.соат;
  • Ӯзбекистон – 907,5 млн кВт.соат;
  • Қазоқистон – 144 млн кВт.соат.

Маҳмадумар Асозода дар посух ба суоли “Оё содироти барқ маънии аз ҳаққи мардуми худ зада, ба бегонагон фурӯхтани он нест?” посух дод, ки онҳо дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ба хориҷи кишвар барқ намефурӯшанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.