ВАО: Сафорати Тоҷикистон дар Русия доир ба тафтиши ҳамла ба “Крокус” изҳори назар намекунад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз шарҳу изҳори назар дар бораи ҳамкории мутақобила бо Русия дар робита ба тафтиши амали террористӣ дар “Крокус” худдорӣ меварзад. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

Хабаргузорӣ менависад, сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳамадзода ба рӯзноманигорон изҳор доштааст, ки барои халалдор накардани ҷараёни тафтишот, то анҷоми он маълумот дода наметавонад.

Дар саҳифаи сафорат дар Фейсбук дар бораи ҷараёни тафтишот ҳеҷ маълумоте нест: ахиран аз ҳодиса дар “Крокус Сити Холл” 30 март ёдрас мешавад.

Он замон дар хабар зикр шуда буд, ки бо ташабусси ВКХ Россия дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Маҷмааи консертии “Крокус Сити Холл” бо иштироки намояндагони корпуси муқими дипломатии Россия маросими гулгузорӣ дар назди лавҳаи муваққатии ёдгории маҷмааи мазкур баргузор гардид, ки дар он сафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода низ ҳузур дошт.

Қаблан Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон Умед Бобозода дар посухи хаттии худ ба “Азия-Плюс” навишта буд, ки бо мақсади дахолат накардан ба амалҳои тафтишотӣ аа адолати судӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳоло аз муроҷиат ба кумитаи тафтишоти Русия ё ягон изҳорот тавассути ВАО худдорӣ мекунад. Ӯ зикр карда буд, ки ин масъала ба салоҳияти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ дохил мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Русия Татяна Москалкова истифодаи шиканҷаро нисбати гумонбарон маҳкум карда, таъкид дошта буд, ки чунин амалҳо комилан ғайриқобили қабуланд ва ба принсипҳои асосии қонуният ва ҳуқуқи инсон мухолифанд.

Чанд рӯз қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддан даъват намуд, ки “дар фазои иттилоотии кишварҳои ИДМ ташаккули фазои нафрат, бегонаситезӣ ва нажодпарастӣ нисбат ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ мувофиқи мақсад нест”.

“Ҳангоми тафтиши ҳамлаи террористии 22-юми март дар Маскав мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва талаботи қонунгузории худро, бахусус дар мавриди эътимоли бегуноҳӣ, манъи шиканҷа ва муносибати бераҳмона риоя кунанд", – изҳор дошт ӯ рӯзи 12 апрел дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Минск.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки “намоиши наворҳои боздошти омилони эҳтимолии амали террористӣ рӯзи 22 март дар Маскав бо истифода аз шиканҷа алайҳи онҳо ғайриқобили қабул аст. Арзиши эътирофе, ки бо ин роҳ ба даст оварда шудаааст, ба ҳама маълум аст”.

Сироҷиддин Муҳриддин изҳори умедворӣ кард, ки ҷониби Тоҷикистон интизор дорад, ки тафтишоти ҳамлаи террористии рӯзи 22 март дар Маскав беғаразона ва одилона сурат мегирад.

Ёдрас мекунем, ки чор нафар гумонбарони амали террористӣ бо аломатҳои возеҳи шиканҷа ба толори додгоҳ оварда шуданд – яке бо гӯши бурида, дигарӣ бо пораи бастае дар гардан ва сеюмӣ дар аробачаи маъюбӣ. Дар рӯйи онҳо осори зиёди захм аз лату кӯб ба назар мерасид. Дар ин бора ҳам ВАО-и Русия ва ҳам хориҷӣ навишта буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...