Муҳаққиқи тоҷик пешниҳод кард, ки 15 апрел Рӯзи Айнӣ эълон шавад

Рӯзи 15-уми апрел даҳҳо пажӯҳишгарону муҳаққиқон ва донишҷӯёну хонандагон ҷамъ омаданд, то зодрӯзи Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷикро таҷлил кунанд. Ин чорабинӣ дар оромгоҳи устод Айнӣ дар Душанбе баргузор шуд ва перомуни корномаи сиёсиву илмиву адабии мавсуф ҳарф заданд. Ҷамъомади ин гурӯҳи устодону донишҷӯёни факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таърихи 25 […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Рӯзи 15-уми апрел даҳҳо пажӯҳишгарону муҳаққиқон ва донишҷӯёну хонандагон ҷамъ омаданд, то зодрӯзи Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷикро таҷлил кунанд.

Ин чорабинӣ дар оромгоҳи устод Айнӣ дар Душанбе баргузор шуд ва перомуни корномаи сиёсиву илмиву адабии мавсуф ҳарф заданд.

Ҷамъомади ин гурӯҳи устодону донишҷӯёни факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таърихи 25 сола дорад. Ин ҷамъ ҳар сол рӯзи 15-уми апрел ба оромгоҳи Садриддин Айнӣ меоянд ва аз хидматҳои мавсуф ҳарф мезананд.

Дар ин ҷамъомад муҳаққиқон аз нақши боризи Садриддин Айнӣ дар таърихи сиёсиву илмиву адабии Тоҷикистон ҳарф зада ва ҳамзамон пешниҳод карданд, ки бигзор 15-уми апрел Рӯзи Айнӣ бошад ва ин рӯз дар саросари Тоҷикистон таҷлил шавад.

Бояд гуфт, ки Садриддин Айнӣ яке аз барҷастатарин шахсиятҳои халқи тоҷик маҳсуб мешавад ва нақши варо дар заминагузории давлати Тоҷикистони шӯравӣ басо муҳим мешуморанд.

Осори илмиву адабии Садриддин Айниро натанҳо муаррифгар, балки шаҳодатномаи халқи тоҷик медонанд. Ӯ яке аз виҷдонҳои бедори халқ дониста мешавад, ки умри хешро сарфи хидмат ба халқу ватан карда ва аз худ осори илмиву адабии ғанӣ ба мерос гузоштааст.

Дастандаркорон баргузории ин ҷамъомадро дар оромгоҳи Садриддин Айнӣ рамзӣ медоданд ва бар ин боваранд, ки он ҳам дарси таълимӣ ва ҳам тарбивӣ мешавад. Ширкаткунандагон низ бар ҳамин назаранд.

Имсол аз мавлуди Садриддин Айнӣ 146 сол мегузарад. Мавсуф 15-уми апрели соли 1878 дар Бухоро ба дунё омада, таълими анъанавии динӣ гирифт ва дар рушди адабиёти навини тоҷик нақши калидӣ гузошт. Умрашро ҷиҳати пешрафти забон ва фарҳанги тоҷикӣ сарф кард ва 15-уми июл соли 1954 ин чеҳраи сиёсиву илмиву адабии тоҷик дар Душанбе аз олам даргузашт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио