Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд

Asia-Plus

Шоми 25-уми апрели соли равон боз 47 шаҳрванди Тоҷикистон, узви 13 оила, аз ҷумла 15 зан ва 32 кӯдак (17 духтар ва 15 писар) тавассути ҳавопаймои махсус аз Сурия ба ватан баргардонида шуданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Манбаъ навишт, ки онҳо бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шудаанд.

Онҳоро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шахсони расмӣ, мисли Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири кишвар ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Ҳарчанд мақомот дар баёнияи расмӣ нагуфтаанд, ки онҳо аз минтақаҳои ҷангзада баргардонида шуда, зану кӯдакони нафароне ҳастанд, ба гурӯҳҳои тундрави ифротӣ, мисли Давлати исломӣ ё “ДОИШ”* шомил шудаанд. Вале ишора кардаанд, ки “таҷрибаи Тоҷикистон оид ба баргардондани шаҳрвандони мамлакат аз минтақаҳои ҷангзада ва кор бо онҳо ҳамчун таҷрибаи мусбат шинохта шудааст”.

“Занону кӯдакони баргардондашуда пас аз гузаронидани корҳои офиятбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ ба муҳити оила баргардонда мешаванд”, -омадааст дар хабарномаи расмӣ.

Ба гуфтаи манбаъ, масъалаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда зери таваҷҷуҳи махсуси Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон давоми солҳои 2019-2023 дар се марҳила зиёда аз 330 зану кӯдаки тоҷикро аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ ба Тоҷикистон баргардонда, ҳамаи онҳоро ба наздикони пайвандонашон супориданд.

Аз ҷумла бори аввал соли 2019 нахустин гурӯҳи 84-нафараи кӯдакони ҷангҷӯёнро, ки аз 1 то 18-сола буданд, аз Ироқ ба Ватан баргардонид.

Бори дуввум, 26-уми июли соли 2022 гуруҳи дуюми шаҳрвандони Тоҷикистон – иборат аз 146 зану кӯдак аз Сурия оварда шуданд.

Ҳамин тариқ, моҳи майи соли гузашта гурӯҳи сеюми занону кӯдакони иборат аз 104 нафар ба ватан баргардонида шуданд.

Ҳамаи онҳо дар ҷойҳои махсус, аз ҷумла истироҳатгоҳҳо ва мактаб-интернатҳо ба табобату офиятбахшӣ фаро гирифта шуда буданд ва давра ба давра ба оилаву наздиконашон пайвастанд.

Тибқи иттилои расмӣ, аз соли 2013 пас аз сари қудрат омадани ҷангҷӯёни ҳаракати дар кишварҳои Осиёи Миёна мамнуи “Давлати исломӣ” ҳудуди ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба онҳо пайвастаанд. Бархе мардон зану фарзандони худро низ бо худ ба Ироқу Сурия бурданд.

Ба гуфтаи мақомот, то соли 2017 бештари мардони ба он гуруҳ пайвастаи тоҷик дар ҷангҳо кушта ё бедарак шудаанд. Зимни амалиётҳои ҷангӣ инчунин бархе занону кӯдакони тоҷик низ кушта шуданд.

Бештари занони тоҷик ва наздикони онҳо борҳо ба расонаҳо гуфтаанд, ки ба доми фиреб афтида ва аз пайи шавҳаронашон ба Сурияву Ироқ рафтаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст ва фаъолияташ манъ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...