Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард

Дар Олмон бар зидди 7 зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо иттиҳоми ташкили гурӯҳи террористӣ, иштирок дар фаъолияти он ва пуштибонӣ аз созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) парванда боз гардид. Ба иттилои хабаргузории DW, муттаҳамон панҷ нафар аз Тоҷикистон, як шаҳрванди Қирғизистон ва як шаҳрванди Туркманистон мебошанд, ки баҳори соли 2022 аз Украина ба Олмон омадаанд […]

Asia-Plus

Дар Олмон бар зидди 7 зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо иттиҳоми ташкили гурӯҳи террористӣ, иштирок дар фаъолияти он ва пуштибонӣ аз созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) парванда боз гардид.

Ба иттилои хабаргузории DW, муттаҳамон панҷ нафар аз Тоҷикистон, як шаҳрванди Қирғизистон ва як шаҳрванди Туркманистон мебошанд, ки баҳори соли 2022 аз Украина ба Олмон омадаанд ва моҳи июли соли 2023 дар иёлати федеролии Рейн-Вестфалияи Шимолӣ боздошт шудаанд. Ҳангоми боздошт онҳо аз 20 то 46 сола буданд. Аммо ҳуввияти боздоштшудагон ошкор намешавад.

Зикр мегардад, ки бо гузашти нӯҳ моҳ, 24-уми апрел, додситонии федеролии Карлсруэ алайҳи онҳо расман айб эълон кард. Аз ин ҳафт нафар шаш нафар ба таъсиси гурӯҳи террористӣ дар дохили Олмон ва ҳамчунин пуштибонӣ аз созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) муттаҳам мешаванд. Илова бар ин, панҷ нафари боздоштшуда ба нақзи қонуни тиҷорати хориҷии Олмон муттаҳам мешаванд. Ба гуфтаи додситонӣ, онҳо барои ДОИШ пул ҷамъоварӣ карда, чанд ҳазор евро ба исломгароён дар хориҷ интиқол додаанд.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио