Супоридани имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон сангинтар мешавад

Asia-Plus

Муҳоҷирон дар Русия дигар имтиҳон аз забони русиро дар ташкилотҳои тиҷоратӣ супорида наметавонанд. Тавре ки “Газета.ру” менависад, 12 мактаби олие, ки ба гузаронидани санҷиш ваколат доштанд, ҳамаи қарордодҳояшонро бо шарикон бекор карданд.

“Ба ин тариқ, қабули имтиҳонҳо аз номи муассисаҳои таълимӣ дар ташкилотҳои тиҷоратӣ қатъ шуд. Акнун имтиҳонҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ танҳо дар донишгоҳҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ ва мақомоти шаҳрҳо қабул карда мешаванд. Дар ҳамаи минтақаҳо шароит муҳайё мешавад. Донишгоҳҳои ваколатдор расмиёти созишномаҳои дахлдорро ба анҷом мерасонанд”, – гуфта мешавад дар хабари Вазорати маориф ва илм.

Дар Русия ба баргузории имтиҳон аз забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ 9 донишгоҳи зертобеъи Вазорати маориф ва илм, 2 донишгоҳи ҳукумат, 1 мактаби олии Вазорати омӯзишу парвариш ва 1 ташкилоти ҳукумати Маскав ҳуқуқ доранд.

Вазири илм ва таҳсилоти олии Русия Валерий Фалков дар ҷаласаи рӯзи 18 апрел изҳор дошт, ки баргузории имтиҳонҳоро аз ҷониби донишгоҳҳо дар заминаи ташкилотҳои шарики онҳо қатъитар назорат кардан лозим аст.

То дастури Фалков хориҷиён метавонистанд имтиҳон аз забони русиро дар 12 муассисаи таълимии олӣ ва як ташкилоти ҳукумати Маскав, инчунин фирмаҳои тиҷоратии дорои созишномаҳо бо мактабҳои олии ваколатдор супоранд.

Тавре ки РБК хабар медиҳад, байни онҳо бюроҳои тарҷумаи ҳуҷҷатҳо ва марказҳои кумаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон буданд. Шумори дақиқи онҳо маълум нест.

Ба иттилои «Mash на Мойке», охири моҳи март кормандони пулиси иқтисодӣ барои кофтуков ба яке аз чунин марказҳо – ширкати “Аксиома”-и Петербург омаданд.

Ин ширкат бо пардохти 15 ҳазор рубл ба муҳоҷирон гувоҳнома (сертификатҳо)-и супоридани имтиҳон аз забони русиро медодааст. Тибқи маълумоти Telegram-канал, дар як моҳ тариқи ин ширкат ҳудуди 500 нафар муҳоҷирон гувоҳнома мегирифтаанд, ки ба ширкат наздики 7,5 млн рубл даромад меовардааст. Ба ин амал кормандони мактабҳои олии Петербург низ ҷалб шуда будаанд.

Қазияи ба ин марбут дар Донишкадаи Пушкин

Қарори таҳвияти назорат аз болои сифати баргузории имтиҳон аз забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия посухе буд ба қазия дар Донишкадаи давлатии забони русии ба номи Пушкин.

Аввали моҳи апрел Кумиттаи тафтишоти Русия хабар дод, ки як гурӯҳи шахсон, аз ҷумла кормандони муассиса ғайриқонунӣ дар бораи гузаштан аз санҷиш гувоҳнома (сертификат) медодаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ панҷ нафарро боздошт карданд.

Бино ба маълумоти тафтишот, гумонбарон ба таъмини будубоши ғайриқонунии 464 шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Русия кумак кардаанд.

Яке аз иштирокчиёни амали ҷинояткорона – Геннадий Тарасенкоро боздошт ва дигарӣ – собиқ кормнади Донишкада  Марина Балабуроваро зери ҳабси хонагӣ гирифтаанд.

Пас аз ин, Нозирот дар соҳаи маориф (Рособрнадзор) ба панҷ мактаби олӣ ҳушдор дод, ки дар вақти гирифтани имтиҳонизабони русӣ ба муҳоҷирон ба қонуншиканиҳо роҳ надиҳанд.

Дар худи Донишкадаи ба номи Пушкин баъди ин моҷрао ректор – Наталя Трухановская бо фармони Вазорати маориф ва илм барои “назорати ғайриқаноатбахш ба баргузории имтиҳонҳо барои хориҷиён” аз мансабаш барканор шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...