Дар бозӣ барои ҷойи сеюм низ бахти футзалистони тоҷик дар пеналти омад накард

Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм дар мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба футзал мунтахаби Тоҷикистон дар Таиланд бо дастаи Ӯзбекистон бозӣ кард. Ин бозӣ дар вақти асосӣ мусовӣ – 5:5 анҷом ёфта, дар силсилаи пеналти футбболбозони ӯзбек бо ҳисоби 3:1 дастболо шуданд. Ба ин тариқ, Ӯзбекистон зинаи сеюм ва Тоҷикистон зинаи 4-умро ишғол карданд. Қобили зикр […]

Asia-Plus

Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм дар мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба футзал мунтахаби Тоҷикистон дар Таиланд бо дастаи Ӯзбекистон бозӣ кард.

Ин бозӣ дар вақти асосӣ мусовӣ – 5:5 анҷом ёфта, дар силсилаи пеналти футбболбозони ӯзбек бо ҳисоби 3:1 дастболо шуданд. Ба ин тариқ, Ӯзбекистон зинаи сеюм ва Тоҷикистон зинаи 4-умро ишғол карданд.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби Ӯзбекистон бори сеюм пайдарҳам ба медалҳои Ҷоми Осиё оид ба футзал соҳиб шуда, мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърих ба дарёфти зинаи 4-ум шарафёб гардид.

Ёдрас мекунем, ки дар бозӣ барои роҳ ёфтан ба даври финалии мусобиқа низ футболбозони тоҷик аз соҳибони майдон – дастаи Таиланд дар силсилаи зарбаҳои пеналти мағлуб шуда буданд.

Дар бозии финалии Ҷоми Осиё оид ба футзал футболбозони Эрон соҳибони майдон – футзалистони Таиландро бо ҳисоби 4:1 шикаст дода, маротибаи 13-ум ба ин ҷоиза соҳиб гардиданд.

Тавре ки қаблан гуфта будем, бо касби зинаи 4-ум мунтахаби Тоҷикистон ба иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал, ки аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон доир мегардад, ҳуқуқ пайдо кард. Маросими қуръакашии ин мусобиқа рӯзи 26 май дар майдони Регистони Самарқанд баргузор мешавад.

Ҳамаи 24 дастаи иштирокчии Чемпионати ҷаҳон дар Самарқанд муайян шуданд: Ӯзбекистон, Зеландияи Нав, Қазоқистон, Фаронса, Испания, Португалия, Украина, Бразилия, Аргентина, Венесуэла, Парагвай, Коста-Рика, Панама, Гватемала, Куба, Хорватия, Нидерланд, Ангола, Либия, Марокко, Тоҷикистон, Эрон, Таиланд, Афғонистон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.