Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад

Date:

Вазъи саломатии Олимҷон Абдуллоев, омӯзгоре, ки ба иттилои мақомоти тоҷик дирӯз, 7-уми май, дар пайи муноқишаи навбатӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз пояш захм бардошта, бистарии беморхона гардид, муътадил арзёбӣ мешавад.

Зумрад Муталибзода, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, минтақае, ки муаллим Олимҷон Абдуллоев иқомат дорад, ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, “муаллим зери назорати духтурон аст ва табобат мегирад. Ваъи ӯ муътадил аст ва ба иттилоъ духтурон, эҳтимол пагоҳ ба хонааш рухсат шавад”.

Кӯшишҳои мо барои суҳбат бо худи муаллим ва наздикони ӯ бесамар анҷомид. Духтурони беморхонае, ки Олимҷон Абдуллоев бистарӣ аст, низ аз суҳбат бо мо худдорӣ карданд.

Ёдоҷвар мешавем, ки дирӯз, 7-уми май, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронии навбатӣ рух дод ва мақомоти расмии ду кишвар ҳодисаро ба таври гуногун шарҳ доданд.

Ба гуфтаи КДАМ-и Тоҷикистон, ин ҳодиса тахминан соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон рух дод ва марзбонони Қирғизистон ба сӯи Олимҷон Абдуллоев тир паронидаанд. Аммо ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки сарбозонаш ба сӯи ҳаво тири ҳушдордиҳанда паронидаанд.

Ҷузъиёти ин ҳодисаро дар матлаби “Дар пайи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як омӯзгори тоҷик захмӣ шуд. Тафсилоти пурраи ҳодиса” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...