Чархболи суқуткардаи Иброҳим Раисӣ пайдо шуд, аммо тақдири ӯ ва ҳамроҳонаш норӯшан аст

Asia-Plus

Бо гузашти ҳудуди 11 соат аз суқути чархболе, ки Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон якҷо бо Ҳусейн Амир Абдулоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар савори он буд, то ҳол аз раиси ҷумҳур ва ҳамроҳони ӯ дараке нест. Дар ҳамин ҳол баъзе расонаҳо аз эҳтимоли ҳалокати ҳамаи мусофирони савори чархбол хабар медиҳанд.

Дар ҳоле, ки расонаҳои расмиву нимарасмии Эрон аз дақиқ гардидани макони суқути чархбол, пайдо шудани қисмҳои он хабар дода, аз тақдири раиси ҷумҳур Раисӣ ва ҳамроҳонаш мушаххасан иттилое ироа намекунанд, хабаргузории Reuters бо такя ба манобеи худ дар мақомоти Эрон менависад, “эҳтимол аст ҳама мусофирони чархбол, ки Иброҳим Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон низ буд, дар ин садама ҷони худро аз даст додаанд”.

Хабаргузории "Mehr" низ хабар медиҳад, ки Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш дар пайи суқути чархбол ҷон бохтаанд. Аммо мақомоти расмии Эрон то ҳол ҳалокати раиси ҷумҳурро тасдиқ накардаанд.

Якҷо бо Иброҳим Раисӣ ва Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар чархбол Молик Раҳматӣ, волии устони Озарбойҷони шарқии Эрон ва оятуллоҳи устони Табрез Алӣ Ҳошим низ буданд.

Тибқи иттилои Reuters, чархбол дар 30-километрии минтақаи Тавал пайдо шудааст. Ҳоло дар он ҷо 73 гурӯҳи наҷотдиҳӣ бо таҷҳизоти махсус фаъолият доранд.

“Ҳавопаймо ба санг бархӯрда, оташ гирифт ва чархбол дар натиҷаи суқут комилан сӯхтааст. Дар бораи наҷотёфтагони садама дар ҳоли ҳозир маълумоте нест”, – менависад ин расона.

Барои пайдо кардани чархболи суқуткарда беш аз 11 соат лозим шуд.

Қаблан хабаргузории эронии Tasnim бо такя ба раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон хабар дода буд, ки чархболи суқуткарда бо истифода аз як ҳавопаймои бесарнишин кашф шудааст.

Раиси Ҳилоли Аҳмари Эрон Пирҳусайн Куливанд ҳам зикр кардааст, ки бо пайдо кардани макони чархболи суқутшуда, осоре аз зинда будани сарнишинони он пайдо нашудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, ба маҳалли ҳодиса гурӯҳи имдодрасон ва наҷотбахшон сафарбар шудаанд. Аммо то ин лаҳза ҳеҷ як манобеи расмии Эрон дар хусуси сарнавишти раиси ҷумҳур Раисӣ ва ҳамроҳонаш иттилоъ надодааст.

Бояд гуфт, ки чархболи раиси ҷумҳур Иброҳим Раисӣ як рӯз пеш, 19-уми май дар як минтақаи кӯҳистонӣ дар наздикии марзи Эрон бо Озарбойҷон суқут кард. Дарҳол бо ҷалби наҷотдиҳандагони Ҳилоли Аҳмар, низомиён ва пулис амалиёти густурдаи ҷустуҷӯӣ оғоз шуд. Ба кофтуков шароити номусоиди обу хаво халал мерасонад.

Ҳанӯз маълум нест, ки бо чархбол чӣ шудааст. Хабаргузориҳои Эрон мегӯянд, ки чархбол шояд дар тумани ғафс дар шимолу шарқи кишвар ба мушкил рӯбарӯ шудааст.

Раисӣ аз вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон, дар марз бо Озарбойҷон бармегашт. Дар он ҷо ҳамроҳ бо раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар маросими ифтитоҳи сарбанди дарёи Аракс ширкат дошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...