Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш ба ҳалокат расидаанд. Ноиби раиси ҷумҳури Эрон ин хабарро расман тасдиқ кард

Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷӣ, Молик Раҳматӣ, волии устони Озарбойҷони шарқии Эрон ва оятуллоҳи устони Табрез Алӣ Ҳошим дар пайи суқути чархбол ба ҳалокат расиданд. Ин иттилоъро Мӯҳсин Мансурӣ, ноиби раиси ҷумҳури Эрон чанд лаҳза пеш расман эълон кард. Хабаргузории "Форс" номи ҳама ҳалокшудагони садамаи чархболро интишор кардааст. Оятуллоҳ […]

Asia-Plus

Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷӣ, Молик Раҳматӣ, волии устони Озарбойҷони шарқии Эрон ва оятуллоҳи устони Табрез Алӣ Ҳошим дар пайи суқути чархбол ба ҳалокат расиданд.

Ин иттилоъро Мӯҳсин Мансурӣ, ноиби раиси ҷумҳури Эрон чанд лаҳза пеш расман эълон кард.

Хабаргузории "Форс" номи ҳама ҳалокшудагони садамаи чархболро интишор кардааст.

Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ,

Оятуллоҳ Сайид Муҳаммад Алӣ Ҳошим,

Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён,

Малик Раҳматӣ,

Сардор Сайид Меҳдии Мусавӣ,

Сарнишини чархбол,

Ёвари сарнишин,

Ду ҳамроҳи дигар, ки шахсияташон номаълум аст.

Хабаргузории ISNA менависад, ки айни ҳол ҳукумат барои ҷаласаи изтирорӣ даъват шудааст ва чанде баъд хабари марги раиси ҷумҳур ва ҳамроҳонашро расман эълон мекунад.

Тибқи қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон дар сурати марги раисҷумҳури ин кишвар ё пеш омадани воқеаи дигаре ба сари ӯ, ки дар натиҷаи он натавонад то беш аз ду моҳ ба сари вазифаи худ баргардад, муовини аввали раисҷумҳур масъулиятҳои ӯро бар уҳда мегирад.

Айни ҳол вазифаи муовини аввали раисҷумҳурро дар Эрон Муҳаммад Мухбир бар дӯш дорад. Ин ба он маъност, ки акнун Мухаббир ҷаласаҳои ҳайати давлати Эронро, ки рӯзҳои якшанбе ва чаҳоршанбе баргузор мешаванд, роҳбарӣ хоҳад кард.

Ҳамчунин, тибқи қонуни асосии Эрон ҳайати муташаккили давлатӣ иборат аз раиси маҷлис, раиси қувваи қазоия ва муовини аввали раиси ҷумҳур муваззафанд, ки ҳадди аксар дар зарфи 50 рӯз интихоботи раиси ҷумҳури ҷадидро баргузор кунанд.

Ёдовар мешавем, ки чархболи раиси ҷумҳур Иброҳим Раисӣ як рӯз пеш, 19-уми май дар як минтақаи кӯҳистонӣ дар наздикии марзи Эрон бо Озарбойҷон суқут кард. Дарҳол бо ҷалби наҷотдиҳандагони Ҳилоли Аҳмар, низомиён ва пулис амалиёти густурдаи ҷустуҷӯӣ оғоз шуд. Ба кофтуков шароити номусоиди обу хаво халал мерасонад.

Ҳанӯз маълум нест, ки бо чархбол чӣ шудааст. Хабаргузориҳои Эрон мегӯянд, ки чархбол шояд дар тумани ғафс дар шимолу шарқи кишвар ба мушкил рӯбарӯ шудааст.

Раисӣ аз вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон, дар марз бо Озарбойҷон бармегашт. Дар он ҷо ҳамроҳ бо раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар маросими ифтитоҳи сарбанди дарёи Аракс ширкат дошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.