Хадамоти алоқа: ширкатҳои мобилӣ дар се моҳ беш аз 1 млрд сомонӣ даромад ба даст овардаанд

Даромади операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 1 млрд сомонӣ (92 млн доллар)-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда 6,2% ё худ 58,9 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад. Дар ин бора Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад. Даромади операторони хусусӣ беш аз 937,2 млн сомонӣ ё […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Даромади операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 1 млрд сомонӣ (92 млн доллар)-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда 6,2% ё худ 58,9 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад. Дар ин бора Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад.

Даромади операторони хусусӣ беш аз 937,2 млн сомонӣ ё худ ҳудуди 86 млн долларро ташкил додааст, ки 3,9% зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи семоҳаи якуми соли 2023 аст.

Даромади оператори миллии алоқаи “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи тоҷик” ва воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқа 57% – аз 40,6 млн сомонӣ дар семоҳаи аввали соли гузашта то ба 63,6 млн сомонӣ афзудааст.

То 1-апрели соли ҷорӣ шумори корбарони Интернет 4,2 млн нафар ва муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ 6,7 млн нафарро нафарро ташкил додааст.

Дар радабандӣ (рейтинг)-и навшудаи Speedtest Global Index аз рӯи суръати интернети мобилӣ тибқи маълумоти моҳи апрели соли 2024, Тоҷикистон байни 144 кишвари саросари дунё зиёнаи 140-умро ишғол мекунад. Аз лиҳози суръати интернети сабтшудаи васеъхат ҷумҳурӣ миёни 181 кишвар дар мақоми 129-ум қарор дорад.

Қазоқистон аз рӯи ин нишондиҳандаҳо мутаносибан зинаҳои 66 ва 99-ум, Ӯзбекистон – 88 ва 89-ум ва Қирғизистон – зинаҳои 90 ва 95-умро ишғол кардаанд.

Дар радабандии кишварҳои ҷаҳон аз рӯи нархи интернет (Worldwide mobile data pricing) Тоҷикистон бо нархи 1,65 доллар барои 1 Гб зинаи 142-юмро ишғол мекунад.

Нархи нисбатан пасттар дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон (0,11 доллар) ба қайд гирифта шудааст, ки аз рӯи ин нишондиҳанда зинаи 8-умро дар ҷаҳон ишғол мекунад. Ӯзбекистон (0,30 доллар)  дар мақоми 22-юм ва Қазоқистон (0,41 доллар) дар зинаи 35-ум қарор гирифтаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.