Тотористон ронандагон ва муҳандисони тоҷикро ба кор ҷалб кардан мехоҳад

Дар доираи Форуми байналмилалии  иқтисодии «Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum» рӯзи 16 май байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Тотористони Русия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ба имзо расид. Тавре ки Вазорати нақлиёти ҶТ хабар медиҳад, Ёддошти тафоҳумро   вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва  вазири нақлиёт ва хоҷагии […]

Asia-Plus

Дар доираи Форуми байналмилалии  иқтисодии «Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum» рӯзи 16 май байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Тотористони Русия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ба имзо расид.

Тавре ки Вазорати нақлиёти ҶТ хабар медиҳад, Ёддошти тафоҳумро   вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва  вазири нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Тотористон  Фарит Ханифов  имзо намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз имзи Ёддошт инкишоф ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд, дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва мусоидат ба ҷалби коргарони соҳибихтисос ва субъектҳои тарафҳо барои ташкили корхонаҳо дар соҳаи нақлиёт мебошад.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Тотористон ба тафоҳум омаданд, ки барои ҷалби кормандони соҳибихтисос аз Тоҷикистон дар соҳаи ҳамлу нақли мусофирон шароит муҳайё месозанд, инчунин бо мувофиқа бо тарафи манфиатдор тартиби будубоши шаҳрвандон (ронандаҳо, муҳандисон, назоратчиён ва дигар кормандони ёрирасон)-ро бо  кафолатҳои иҷтимоӣ таъмин менамоянд.

Интизор меравад, ки амалӣ гардидани ёддошти имзошуда барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Тотористон садҳо ҷойҳои корӣ бо шароити зисту зиндагонии мусоид, маоши хуб, дарстрасӣ ба ҳифзи иҷтимоии кормандон ва ғайраро  фароҳам оварда, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасонии мусофирбарӣ барои сокинони шаҳрҳои ҷанубу шарқии Тотористон – Бугулма ва Лениногорск мусоидат мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.