Агентии обуҳавошиносӣ: охири моҳи июн ҳавои Тоҷикистон серчангу ғубор мешавад

Asia-Plus

Рӯзҳои 28-30 июн дар ноҳияҳои ҷанубу ғарбӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва навоҳии шимолии вилояти Суғд бар асари тағйироти обуҳаво тӯфони гарду ғубор дар назар дошта шудааст.

Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарб ва шимолу ғарб ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ин метавонад боиси олудагии ҳавои атмосфера бо маводи муаллақи (гарду ғубор) ҳиссачаҳои андозаи 10 мкр (Pm-10) ва 2,5 мкр (Pm-2,5) гардад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои пешгирӣ аз хатари ин гуна ҳавои номусоид чунин тавсияҳо медиҳад:

1. Бештар оби тоза бинӯшед. Дар як шабонарӯз на камтар аз 2-2,5 литр, аз он то 0,5 литр оби маъданӣ.

2. То ҳадди имкон тирезаҳоро пӯшед. Агар шумо аз ҳавотозакун  истифода кунед, пас бояд ба назар гиред, ки вазъи бадтари ҳаво дар субҳи барвақт аст, вақте ки тамоми чангу ғубори хатарнок дар қабати замин ҷамъ шудааст. Наздики нисфирӯзӣ сатҳи замин гарм мешавад ва дар зери таъсири ҷараёни баландшавии ҳаво чангу ғубор ба боло мебарояд. Илова бар ин, шумо метавонед тирезаҳои кушодро бо тӯр ё дока пӯшонед.

3. Тавсия дода мешавад, ки дар хона тамизкории тар анҷом дода, кӯшиш кунед, ки ҳавои хонаро намнок кунед, то луобпардаи бинӣ хушк нашавад. Махсусан бинӣ ва даҳонро бештар шӯед.

4. Дар ин давра ба хотири ҷилавгирӣ аз мушкилоти чашм пизишкон пӯшидани линзаҳои контактиро тавсия намедиҳанд. Илова бар ин, агар чашмҳо аз ҷузъҳои чанг зарар бинанд, онҳоро бо доруҳо, аз қабили қатраҳои сунъӣ ё табиӣ шустан лозим аст.

Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд, тавсия дода мешавад:

– воя (доза)-и доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;

– ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошем;

– агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Гуфта мешавад, дар сурати пеш омадани ҳолати нохуш ё фавқулода ба телефони 112 ва ё қисми навбатдории КҲФ: 223-13-11; 93 880 28 19 занг занед.

Қаблан КҲФ хабар дода буд, ки давоми ин рӯзҳо дар минтақаҳои алоҳидаи Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари омадани сел, резиши санг дар роҳои кӯҳӣ ва ярч боқӣ мемонад

Дар робита ба ин, Кумита бори дигар ба аҳолии дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқоматкунанда ва сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳӣ доранд, муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...