Ҳушдори КҲФ аз хатари омадани сел ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар даъват мекунад, ки дар робита ба обуҳавои номусоид дар рӯзҳои охири моҳи июн дар кӯҳҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтитёткор бошанд. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, hӯзҳои 24-26 июн дар минтақаҳои алоҳидаи Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари омадани сел, резиши […]

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар даъват мекунад, ки дар робита ба обуҳавои номусоид дар рӯзҳои охири моҳи июн дар кӯҳҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтитёткор бошанд.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, hӯзҳои 24-26 июн дар минтақаҳои алоҳидаи Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари омадани сел, резиши санг дар роҳои кӯҳӣ ва ярч боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, 27-28 уми июн дар саросари ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда боқӣ монда, рӯзҳои 27-28 –уми июн ҳавои тираи олуда ба чангу хок дар назар дошта шудааст, дар як қатор ноҳияҳои ВМКБ борон меборад.

Дар робита ба ин, Кумита бори дигар ба аҳолии дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқоматкунанда ва сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳӣ доранд, муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд.

Кумита ба сокинон тавсия медиҳад, ки то ҳадди имкон аз сафарҳо ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум ва доруворӣ худдорӣ кунанд.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёткор бошанд.

Ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад сари вақт селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.