“Известия”: Амалҳои террористӣ дар Доғистон як моҳ пеш тарҳрезӣ шуда буданд

Ҳамлаҳои террористӣ ба як каниса (ибодатгоҳи яҳудиён) ва ду калисо (ибодатгоҳи масеҳиён) дар шаҳри Дарбент, ҳамчунин постгоҳи полис дар шаҳри Махачқалъа, ки 23 июн рух доданд, тақрибан як моҳ пеш тарҳрезӣ шуда буданд. Дар ин бора ба "Известия" як манбаи огоҳ аз рафти тафтишот хабар дода, гуфтааст, ин натиҷа аз маълумоти муфаттишон ҳангоми омӯзиши мукотибаҳои […]

Asia-Plus

Ҳамлаҳои террористӣ ба як каниса (ибодатгоҳи яҳудиён) ва ду калисо (ибодатгоҳи масеҳиён) дар шаҳри Дарбент, ҳамчунин постгоҳи полис дар шаҳри Махачқалъа, ки 23 июн рух доданд, тақрибан як моҳ пеш тарҳрезӣ шуда буданд. Дар ин бора ба "Известия" як манбаи огоҳ аз рафти тафтишот хабар дода, гуфтааст, ин натиҷа аз маълумоти муфаттишон ҳангоми омӯзиши мукотибаҳои смартфонҳои террористони кушташуда ба даст омадааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, дар ин мукотибаҳо маълумотҳо мавҷуданд, ки тибқи онҳо мақсадҳои ҳамлаҳои террористон тасодуфӣ интихоб нашуда, балки пешакӣ тарҳрезӣ шуда буданд.

Рӯзи душанбе Кумитаи миллии зиддитеррористӣ (КМЗТ) хабар дод, ки ҳоло дар Доғистон ҳаммаслакони террористон ҷустуҷӯ мешаванд. Ин маълумотро манбаи "Известия", ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ наздик аст, низ тасдиқ кардааст.

“Аз эҳтимол дур нест, ки ҳадди ақал ҳамдардҳо ва касоне, ки дар таъмини терроризм даст доштанд, дар озодӣ боқӣ мондаанд, аз ҷумла касоне, ки террористонро бо силоҳ таъмин карданд. Аз мукотиба дар телефонҳои террористони кушташуда метавон тахмин кард, ки ҳамла тақрибан як моҳ пеш тарҳрезӣ шуда буд. Ҳоло тамоми пойгоҳи тамосҳои ҳамлаварон мавриди санҷиш қарор дода шуд, ҳатто шахсоне, ки зери кадом постҳои онҳо лайк гузоштаанд" – зикр кардааст ӯ.

Ба гуфтаи мусоҳиби "Известия", муфаттишон фарзияеро санҷида истодаанд, ки гурӯҳи террористӣ дар ноҳияи Сергокалинск мутамарказ шуда, атрофи як хонаи хурди намозгузорӣ мутамарказ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 23 июн шахсони номаълум ба як каниса (ибодатгоҳи яҳудиён) ва ду калисо (ибодатгоҳи масеҳиён) дар шаҳри Дарбент, ҳамчунин постгоҳи полис дар шаҳри Махачқалъа ҳамла карда, дар натиҷа тибқи маълумоти ахир, 20 нафар, аз ҷумла 15 корманди пулис ҳалок шуданд. Ҳамчунин аз ин амали террористӣ 46 кас осеб диданд.

Сардори ноҳияи Сергокалинский Магомед Умаров боздошт ва бозпурсӣ мешавад, зеро писаронаш дар миёни ҷангҷӯёне буданд, ки ҳамлаҳои террористиро анҷом доданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи кушта шудани 5 нафар ҳамлагарон дар Дарбент ва Махачқалъа ва Кумитаи миллии зиддитеррористӣ аз анҷоми амалиёти зиддитеррористӣ хабар доданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.