Дар Тоҷикистон раиси боз як ҳизб дигар шуд. Ғиёсиддин Ашӯрзода кист?

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Ғиёсиддин Ашӯрзода раиси нави Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ дар ин вазифа Рустам Қудратовро, ки аз соли 2019 роҳбари ҳизби мазкур буд, иваз намуд.

Ивази роҳбар дар ҲИИТ зимни ҷаласаи ғайринавбатии ҳизб, ки 20-уми июл дар бинои Донишгоҳи словянии Тоҷикистону Русия баргузор шуд, сурат гирифт.

Рустам Қудратов, ҳамакнун раиси пешини ҲИИТ вақти эълони тасмими аз вазифа рафтан ва муаррифии раиси нави ҳизб гуфт:

“Ман ба шумо кафолат медиҳам, ки он сиёсате, ки мо дорем ин ҷавони зебо бурда метавонанд. Мо, аз ҳизб рафтанӣ нестем, дар паҳлӯяшон меистем ва ба мақсадҳои ниҳоии худ мерасем”.

Рустам Қудратов таклифи идомаи фаъолият ба ҳайси роҳбари ҳизбро рад кард ва таъкид намуд, ки барои муваффақияти бештар дар интихоботи парлумонии соли 2025 аз вазифа меравад.

Бояд гуфт, Рустам Қудратов 5 соли охир, аз соли 2019 роҳбарии ҲИИТ-ро ба зимма дошт ва ӯ дар ин вазифа Олим Бобоев, муассиси ҳизбро иваз карда буд.

Раиси нав кист?

Ҳамакнун, Ғиёсиддин Ашӯрзода сеюмин раиси ҲИИТ гардид. Ӯ 48 сол дошта, зодаи ноҳияи Ҳисор аст. Соли 1999 Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси муносибатҳои иқтисоди байналхалқӣ хатм кардааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

Ашӯрзода солҳои зиёд дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси муаллим, мудири кафедра, декан ва муовини ректор кор кардааст. Соли 2020 вакили парлумон интихоб шуд.

Ҳамчунин, дар ин ҷаласаи ғайринавбатӣ Машраб Файзуллоев, ректори кунунии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бори дигар муовини аввали раиси ҳизб интихоб шуд. Якҷо бо ӯ, Рустам Қудратов, Сарвиноз Наҷмиддинова ва Ҳайдар Раҳматзода муовинони раиси ҳизб интихоб шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҲИИТ  соли 2005 таъсис ёфта, тибқи иттилои роҳбари ҳизб, айни ҳол 33 ҳазор аъзо дорад.

Ҳоло 5 узви ҲИИТ вакили парлумон ҳастанд. Ва ин имкон додааст, ки ин ҳизб дар парлумон фраксияи худро ташкил кунад.

Аммо коршиносони мустақил, ин ҳизбро яке аз ҳизбҳои зиёди киссагӣ дар Тоҷикистон медонанд, ки дар фазои сиёсии кишвар таъсири муассире гузошта наметавонад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ин аввалин тағйири роҳбар дар сафи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон нест. Пештар аз ин, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон низ иваз шуда буд, ки баҳсҳои зиёдеро ба миён овард. Шаҳбози Аброр, ҳамакнун раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки то ин дав узви раёсати ҲДТ буд, анҷумани ғайринавбатии ҳизбро даъват карда, зимни он Саидҷаъфар Усмонзодаро аз раиси ҳизб барканор кард.

Саидҷаъфар Усмонзода, роҳбари ҳамакнун пешини ҳизб ва вакили парлумон тасмими ҳамҳизбонаш ҷиҳати ивази роҳбари ҳизбро напазируфт ва ба Вазорати адлияи кишвар шикоят бурд. Шаҳбози Аброр ҳам ба ин вазорат муроҷиат кард. Ин ниҳод қарорҳои қабулкардаи анҷумани ғайринавбатии ҳизбро дуруст шуморид ва Шаҳбози Аброрро раиси ҲДТ эътироф намуд. Саидҷаъфар Усмонзода бошад, баъди чанде боздошт гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...