Зодагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро аз рӯи парвандаи вакили Думаи давлатӣ ба ҳабс гирифтанд

Додгоҳи ноҳиявии Самара се нафарро, ки дар ҳамла ба вакили Думаи давлатии Русия Михаил Матвеев гумонбар дониста мешаванд, ба ҳабс гирифт. Тавре ки 63.ru менависад, дар ин амал Мурод Мусурови 19-сола, зодаи Ӯзбекистон, Некруз Боҳирови 19-сола, зодаи Тоҷикистон ва як навраси 16-сола аз шаҳри Самара гумонбар дониста мешаванд. Додгоҳ ҳамаи онҳоро барои як моҳ ва […]

Додгоҳи ноҳиявии Самара се нафарро, ки дар ҳамла ба вакили Думаи давлатии Русия Михаил Матвеев гумонбар дониста мешаванд, ба ҳабс гирифт.

Тавре ки 63.ru менависад, дар ин амал Мурод Мусурови 19-сола, зодаи Ӯзбекистон, Некруз Боҳирови 19-сола, зодаи Тоҷикистон ва як навраси 16-сола аз шаҳри Самара гумонбар дониста мешаванд.

Додгоҳ ҳамаи онҳоро барои як моҳ ва 19 рӯз – то 17 сентябр ба ҳабс равона кард.

Парвандаи ҷиноятӣ аввал тибқи моддаи авбошӣ оғоз ёфта, аммо баъдтар раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрыкин дастур дод, ки моддаи парвандаи ҷиноӣ ба суиқасд ба ҷони вакил иваз карда шавад.

Ҳоло иштирокчиёни ҳодиса ба кӯшиши куштори гурӯҳӣ бо мақсади нобуд кардани ду ва ё зиёда шахсоне, ки вазифаи ҷамъиятӣ иҷро мекарданд, айбдор карда мешаванд.

Тибқи ин модда ба муттаҳамон то 15 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Матвеев рӯзи 18 июл хабар дода буд, ки дар Самара шоҳиди ҳамлаи муҳоҷирон ба як сокини маҳаллӣ шудааст. Вакил ба ёрии мард шитофта, дар натиҷа аз сараш зарба мегирад Ба гуфтаи вакил, пӯсти сари ӯ дарида, устухони китфи ронандааш шикастааст.

Қобили зикр аст, ки Матвеев ҳамчун ҷонибдори шадидтар кардани қоидаҳо барои муҳоҷирон дониста мешавад. Ӯ борҳо нисбати муҳоҷирони корӣ манфӣ изҳори назар карда, ташаббускори қабули қарорҳо зидди муҳоҷирон мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.