“Дар шаҳр бисёр гӯшт мехӯранд”. Масъулин сабаби боло рафтани нархи гӯштро гуфтанд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Масъулин сабаби поён наомадани нархи гӯшт дар бозорҳои кишварро ба зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба он ва воридоти хӯроки чорво аз хориҷа рабт медиҳанд. Коршиносон дар ҳамин ҳол ба ҳукумат тавсия медиҳанд, ки барои афзоиши истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон ба якчанд ҳолат таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

 

Афзоиши шумораи чорво ва болоравии нархи гӯшт

Нигина Анварӣ, муовини вазири кишоварзии кишвар дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки то 1-уми июли соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 705 ҳазору 700 сар чорвои калон ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 100,1 ҳазор сар ё 103,8 дарсад зиёд шудааст.

Дар ин робита рӯзноманигорон суол гузоштанд, ки барои чӣ шумораи чорво сол ба сол афзоиш меёбаду нархи гӯшт дар бозорҳои мамлакат ҳамоно болост?

Нигина Анварӣ посух дод, ки ҳоло аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар гӯшт содирот ё аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон гӯшт воридот намешавад.

“Мо 99,9 дарсад аҳолиро бо гӯшт таъмин мекунем, вале сабаби поён наомадани нархи он зиёд шудани талаботи аҳолӣ ва воридоти хӯроки чорво аз хориҷа аст”, – иброз дошт Анварӣ.

Аммо ӯ нагуфт, кадом хӯроки чорво ва аз кадом кишвар ба Тоҷикистон ворид мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар саросари кишвар барои чорво алаф, ҷуворӣ ва коҳ захира мекунанд.

 

Талабот ба гӯшт дар шаҳрҳо бисёр шудааст

Дар ҳамин ҳол, барои ташреҳи савол Машокир Назарзода, муовини дигари вазири кишоварзӣ гуфт, сол ба сол теъдоди аҳолӣ зиёд мешавад ва талаботи аҳолӣ ба гӯшт афзоиш меёбад, вале талаботи ҷомеаро ҳамоно таъмин карда наметавонанд.

Назарзода барои мисол гуфт, ки тибқи сабади истеъмолӣ ба ҳар як шаҳрванди кишвар дар як сол 18 кг гӯшти мурғ рост меояд, вале дар кишвар ҳоло 5,5 кг гӯшти мурғ истеҳсол мегардад.

Ӯ афзуд, ки имрӯз дар шаҳрҳои кишвар бештар гӯшт истеъмол мешавад, зеро сокинон дастикам ду маротиба дар ошхонаҳо таом мехӯранд, ки бегӯшт нест.

Ғайр аз ин, номбурда сабаби дигари афзоиш ёфтани талаботи сокинон ба гӯштро ба баргузории тӯю маъракаҳо иртибот дод.

Аммо ин гуфтаи муовини вазири кишоварзӣ дар ҳолест, ки қонуни танзим таоми тӯю маъракаҳоро ба танзим медарорад ва нафарони қонунро нақзкунанда ҷарима мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар моварои иди Қурбон (16-уми июл) ва баъди он дар бозорҳои пойтахт нархи гӯшт наздики 20 дарсад боло рафт. Аз ҷумла, нархи як кг гӯшти гов, ки пеш аз иди Қурбон 70 сомонӣ буд, кунун 85 – 88 сомонӣ шудааст.

 

Чорводории маҳсулнокиаш паст

Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон то ҳол аз лиҳози истеҳсоли гӯшт ба ҳар сари аҳолӣ миёни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) зинаи охирро ишғол мекунад.

Ба ақидаи коршиносону мутахассисон, кишвари мо имконоти худро дар саноати истеҳсоли гӯшт ба таври кофӣ истифода намекунад. Айни замон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидори кишвар ҳудуди 2,7 млн сар чорвои калони шохдор ва беш аз 7 млн сар чорвои майда парвариш карда мешавад.

Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз афзоиши саршумори чорво нисбат ба солҳои 90-уми асри гузашта, сифати зотпарварӣ ва маҳсулнокии он дар сатҳи паст боқӣ мемонанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, зиёда аз 93% саршумори чорвои калонаи шохдор ва 82% чорвои майда (гӯсфанду буз) дар хоҷагиҳои худи аҳолӣ нигоҳубин ва парвариш карда мешавад. Чорвои хонагӣ аз рӯи вазни зинда ва маҳсулнокӣ ба талаботи мъёрҳо ҷавобгӯ нест.

Тарзи ғайрикасбии рафтору муносибат бо чорво дар он ифода меёбад, ки чорвои хонагӣ ҳар он чизеро, ки дар қади роҳ меёбад, истеъмол мекунад ва аксаран аз пӯсту устухон иборат аст.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, сатҳи истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ оид ба истеҳсоли гӯшт ва маснуоти гӯштӣ ҳамагӣ 20,5%-ро ташкил медиҳанд.

 

Назари мутахассисон ба ҳалли мушкил

Коршиносон ба ҳукумат тавсия медиҳанд, ки барои афзоиши истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон ба ҳолатҳои зерин таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Зоотехник Фарход Каримов чанде пеш ба “Азия-Плюс” гуфт, ки пеш аз ҳама бояд барои бунёди маҷмааҳои нави саноатӣ барои парвариши чорвои калони шохдор ва майдаи зотҳои гӯштӣ сармоягузорӣ ҷалб карда шавад ва ҳамзамон барои осон кардани дастрасии соҳибкорон ба хариди чорвои зоти гӯштӣ аз хориҷа тавассути сабук кардани андоз ва боҷҳои гумрукӣ тадбирҳо андешида шаванд.

Мутахассиси яке аз хоҷагиҳои зотпарварӣ Абдурашид Файзов хоҳиш мекунад, ки маблағгузории хоҷагиҳои зотпарварӣ беҳтар шавад, то ки онҳо навъҳои нави зотҳои гӯштиро, ки ба шароити табиии Тоҷикистон мутобиқанд, парвариш кунанд.

Тибқи ҳисобҳои ӯ, бордоркунии 40% говҳои мавҷуда аз буққаҳои навъи гӯштӣ метавонад ҳар сол иловагӣ якчанд ҳазор тонна гӯшти гови баландсифат диҳад.

Бисёре аз соҳибкорони машғул ба парвариши растаниҳои хӯроки чорво мегӯянд, ки густариши истеҳсоли саноатии хӯрока барои чорвои калон ва хурд яке аз вазифаҳои муҳим боқӣ мемонад.

“Кадом зоти чорвое, ки набошад, танҳо вобаста ба чӣ гуна ғизо додани он метавон нишондиҳандаи баланди маҳсулнокии гӯшт ба даст овард”, – мегӯянд онҳо.

Инчунин дар ҳар як ноҳия кушодани дармонгоҳи байторӣ бо тамоми воситаҳои зарурӣ низ муҳим аст.

Чунин тадбирҳо ба баланд шудани нишондиҳандаҳои истеҳсоли гӯшт мусоидат намуда, Тоҷикистон дар ояндаи наздик аз кишвари воридкунандаи маҳсулоти гӯштӣ ба содиркунандаи он табдил меёбад.

Ин ҳамчунин ба кӯшишҳои муштараки чорводорон, истеҳсолкунандагони хӯроки чорво, корхонаҳои коркарди гӯшт, моликони чарогоҳҳо ва дигар иштирокчиёни бозор вобаста аст ва давлат бояд ҳар яке аз ин соҳаҳоро дастгирӣ ва ба ҳамкории онҳо мусоидат кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...