“Обро қатъ карда, шахси ғарқшударо меҷӯем”. КҲФ ҷасади киро ҷустуҷӯ дорад?

Интиқоли об дар шаҳри Душанбе ба хотири ёфтани ҷасади духтарчае, ки моҳи октябри соли 2023 дар канали дериватсионӣ ғарқ шудааст, қатъ гаштааст. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба “Азия‑Плюс”, хабар доданд. Як манбаъ аз ин Кумита иттилоъ дод, ки ба хотири баланд будани сатҳи об дар ин канал ҷасади духтарча то имрӯз пайдо […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Интиқоли об дар шаҳри Душанбе ба хотири ёфтани ҷасади духтарчае, ки моҳи октябри соли 2023 дар канали дериватсионӣ ғарқ шудааст, қатъ гаштааст. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба “Азия‑Плюс”, хабар доданд.

Як манбаъ аз ин Кумита иттилоъ дод, ки ба хотири баланд будани сатҳи об дар ин канал ҷасади духтарча то имрӯз пайдо нагардидааст. Аз ин лиҳоз маҷбур шудаанд, интиқоли обро қатъ карданд.

Аммо дар бораи шахсияти духтарчаи ғарҷшуда маълумот дода намешавад. Кӯшишҳои мо ҳам аз ниҳодҳои масъули давлатӣ барои маълум кардани ҳувияти шахси ғарқшуда бесамар анҷомид.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз КВД “Обу корези Душанбе” хабар дода буд, ки рӯзи 25-уми июл, аз соати 6:00 субҳ то 16:00-и бегоҳ интиқоли оби нӯшокӣ дар як қатор маҳаллаҳои шаҳри Душанбе қатъ мешавад.

Ба иттилои ин ниҳод, интиқоли об бо фармони шаҳрдори Душанбе қатъ гардида, ҳадафи он “дарёфт намудани ҷасади шахси ғарқшуда ва тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Раёсати КҲФ шаҳри Душанбе гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ” мебошад.

Корҳои ҷустуҷӯӣ дар канали дериватсионии неругоҳи барқӣ – обии 2-и филиали Силсиланерӯгоҳҳои Варзоб идома дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.