Тоҷикистон аз Русия 27 вагони мусофирбар харид

Date:

Чанде пеш Тоҷикистон аз Русия 27 вагони мусофирбар харид, ки айни замон дар роҳ ба ҷумҳурӣ мебошанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 24 июл вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим хабар дод.

"Барои таҷдиди пурраи парки роҳи оҳани ҷумҳурӣ ба сурати умум боз харидани 1000 вагон ва 2-3 локомотив зарур аст", – изҳор дошт вазир.

Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, дар корхонаҳои таъмири вагонҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 92 вагон аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд, ки аз онҳо 89-тоашон боркаш ва 3-тоашон мусофирбар мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, 24,1% вагонҳои боркаш (474 адад), 76,6% вагонҳои мусофирбар (300) ва 36,6% локомотив (16) мавриди истифода қарор доранд.

Тавре пештар Азим Иброҳим хабар дода буд, бисёре аз локомотиву вагонҳои боркаш ва мусофирбарро бинобар ба охир расидани мӯҳлати истифодаашон иваз кардан лозим аст.

Дар маҷмӯъ, 1471 вагони боркаш, 300 вагони мусофирбар ва 44 локомотив дар ихтиёри КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” қарор доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...