Тоҷикистон аз Русия 27 вагони мусофирбар харид

Чанде пеш Тоҷикистон аз Русия 27 вагони мусофирбар харид, ки айни замон дар роҳ ба ҷумҳурӣ мебошанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 24 июл вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим хабар дод. "Барои таҷдиди пурраи парки роҳи оҳани ҷумҳурӣ ба сурати умум боз харидани 1000 вагон ва 2-3 локомотив зарур аст", – изҳор дошт […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Чанде пеш Тоҷикистон аз Русия 27 вагони мусофирбар харид, ки айни замон дар роҳ ба ҷумҳурӣ мебошанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 24 июл вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим хабар дод.

"Барои таҷдиди пурраи парки роҳи оҳани ҷумҳурӣ ба сурати умум боз харидани 1000 вагон ва 2-3 локомотив зарур аст", – изҳор дошт вазир.

Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, дар корхонаҳои таъмири вагонҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 92 вагон аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд, ки аз онҳо 89-тоашон боркаш ва 3-тоашон мусофирбар мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, 24,1% вагонҳои боркаш (474 адад), 76,6% вагонҳои мусофирбар (300) ва 36,6% локомотив (16) мавриди истифода қарор доранд.

Тавре пештар Азим Иброҳим хабар дода буд, бисёре аз локомотиву вагонҳои боркаш ва мусофирбарро бинобар ба охир расидани мӯҳлати истифодаашон иваз кардан лозим аст.

Дар маҷмӯъ, 1471 вагони боркаш, 300 вагони мусофирбар ва 44 локомотив дар ихтиёри КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” қарор доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.