Имрӯз дар Париж Бозиҳои олимпӣ оғоз мешавад

Умеда Давлатова, Asia-Plus

Имрӯз, 26-уми июл, дар Париж бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ оғоз мешавад ва он то 11-уми август баргузор мегардад.

Ин бори сеюм аст, ки Париж мизбони бозиҳои тобистонаи олимпӣ мешавад. Солҳои 1900 ва 1924 низ мусобиқаҳои олимпӣ дар Париж баргузор гардида буд ва ҳамакнун, пас аз расо 100 сол ин шаҳр бори дигар мизбони бузургтарин бозиҳои варзишӣ хоҳад буд.

Дар деҳаи олимпӣ ба сурати умум ҳудуди 14,5 нафар, аз ҷумла 9 ҳазор нафар варзишгарон  зиндагӣ хоҳанд кард.

Дар ин Бозиҳо зиёда аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари саросари дунё ширкат варзида, барои 329 маҷмӯи медалҳо дар 32 навъи варзиш рақобат мекунанд.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ-2024 дар дарёи машҳури Фаронса – Сена баргузор мешавад. Яъне бори нахуст дар таърихи бозиҳо ин маросим на дар майдони варзишгоҳ, балки дар пасманзари ёдгориҳои машҳури Париж доир мегардад. Пойтахти.

Ҳайатҳои варзишгарони кишварҳо дар қаиқҳо масофаи 6-километраи обгузарро шино мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 14 нафар намояндагӣ мекунанд. 11 нафар варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои интихобӣ роҳхат дарёфт намуда, боз 3 варзишгари дигар аз рӯи квотаҳо иштирок мекунанд.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи  22 июл ҳайати олимпичиёни кишвар ба 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж 2024 сафарбар гардид. 12 узви мунтахаби олимпӣ аллакай дар Париж қарор дошта, 2 нафари дигар рӯзи 31 июл ба онҳо ҳамроҳ мешаванд.

Дар суратгузориши зерин, Парижи омода ба баргузории Бозиҳои олимпӣ инъикос ёфтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...