Киҳо аз ҳама зиёдтар аз истифодаи барқ қарздоранд?

Қарзи дебиторӣ аз истифодаи барқ то 1 июли соли равон бо назардошти солҳои пешин 3 млрд 831,3 млн сомонӣ (ҳудуди 360 млн доллар)-ро ташкил медиҳад. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар зинаи аввали қарздорон истеъмолгарони маишӣ (аҳолӣ) қарор дорад, ки қарзи умумиаш беш аз 1 млрд 626,4 млн сомонӣ […]

Asia-Plus

Қарзи дебиторӣ аз истифодаи барқ то 1 июли соли равон бо назардошти солҳои пешин 3 млрд 831,3 млн сомонӣ (ҳудуди 360 млн доллар)-ро ташкил медиҳад. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар зинаи аввали қарздорон истеъмолгарони маишӣ (аҳолӣ) қарор дорад, ки қарзи умумиаш беш аз 1 млрд 626,4 млн сомонӣ (ҳудуди 153 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин чунин корхонаҳо нисбатан зиёдтар қарздоранд:

– ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» – 492,5 млн сомонӣ;

– Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ – 134,3 млн сомонӣ;

– ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ – зиёда аз 87,2 млн сомонӣ;

Боз 1 млрд 490,9 млн сомонӣ қарзҳо ба дигар истеъмолгарон рост меояд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 10, 4 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 7,2% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Ин ҳаҷми барқ аз ҷумла дар неругоҳҳои зерин истеҳсол шудааст:

– 7 млрд 950,2 млн киловатт-соат – дар неругоҳҳои ҶСК “Барқи тоҷик”;

– 1 млрд 308,8 млн – дар ҶСК “НБО Сангтӯда-1”;

– 602,7 млн –ҶСК “НБО Роғун”;

– 393,6 млн – дар ҶСК “НБО Сангтӯда-2”;

– 111,7 млн – дар “Помир Энержи”;

– 5,3 млн – дар неругоҳҳои хурди барқӣ.

Дар нимсолаи аввали соли 2024 арзиши миёнаи 1 киловатт неруи барқ 36,2 дирамро ташкил додааст, ки 5,9 дирам ё худ 19,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.