Академияи илмҳо: Акбаршо Искандаров боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шуд

Asia-Plus

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) тасдиқ карданд, ки Акбаршо Искандаров, раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон ва яке аз сиёсатмадорони шинохтаи тоҷик, боздошт шуда ва алайҳаш парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Ӯ солҳои охир ба ҳайси мудири Шӯъбаи масоили сиёсӣ ва байналмилалӣ дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ фаъолият мекард.

Нозим Маҳмадизода, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, зимни нишасти матбуотии имрӯз, 1‑уми август, гуфт, ки Акбаршо Искандаров тахминан ду моҳ қабл ба бозпурсӣ даъват шудаву боздошт гардидааст.

“Ба парвандаи ҷиноятии он кас муҳри махфӣ зада шудааст. Барои ҳамин мо маълумоти иловагӣ надорем”, ‑ афзуд Маҳмадзода.

Ӯ дар масъалаи ёрӣ расонидан ба Акбаршо Искандаров гуфт, ки “мо кӯшиш мекунем, ба раванди тафтишот дахолат накунем”.

Нозим Маҳмадзода сабаби боздошт шудани Искандаровро зикр накард ва маълумоти бештар надод.

Акбаршо Искандарови 73-сола яке аз сиёсатмадорони шинохтаи солҳои аввали истиқлолияти кишвар аст. Ӯ замоне депутат ва раиси Шӯрои олии Тоҷикистон (роҳбари Тоҷикистон) буд. Искандаров, ба иттиллои расонаҳо, дар моҳи июн ба Додситонии кул даъват шудаву пас аз бозпурсӣ дигар раҳо нагардидааст.

Хабари боздошти Акбаршо Искандаровро бори аввал Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ нашр кард. Ин расона аз қавли ду манбаи худ рӯзи 21-уми июн навишт, ки “намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон 13-14-уми июн Акбаршоҳ Искандаровро ба бозпурсӣ даъват карда, дигар ҷавоб надоданд”.

Рӯзи 21‑уми июн як манбаи “Азия-Плюс” ҳам тасдиқ кард, ки Акбаршо Искандаров аз 14-уми июн инҷониб дар ҷойи кораш – Институти фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дида намешавад.

Ба иттилои манобеи “Азия-Плюс”, Акбаршо Искандаров ҳоло дар Боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Бо гузашти қариб ду моҳ Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба қазияи боздошти Акбаршо Искандаров шарҳи расмӣ надодааст. То ҳол сабаби ба бозпурсӣ даъват шудану дастгир гардидани Акбаршо Искандаров номаълум аст.

Аммо манобеи огоҳ мегӯянд, ки боздошти Акбаршо Искандаров ба парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода, вакили акнун пешини парлумон ва раиси собиқи Ҳизби демократ, иртибот мегирад.

Саидҷаъфар Усмонзода ба иттиҳоми “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306, қисми 2, банди “в” айбдор мешавад.

Пас аз боздошти Саидҷаъфар Усмонзода, вазири собиқи корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Аҳмадшоҳ Комилзода – муовини раиси Ҳизби демократ  ва Шокирҷон Ҳакимов – муовини раиси Ҳизби сотсиал – демократ аз тарафи мақомот ба бозпурсӣ даъват шудаву раҳо нагардидаанд.

То ҳол сабаби боздошти онҳо муайян нест ва Додситони кулли кишвар низ дар ин бора шарҳи расмӣ намедиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...