Русия муҳлати манъи содироти бензинро тамдид карданист. Ба Тоҷикистон таъсир мекунад?

Ҳукумати Русия манъи содироти бензинро дар моҳҳои сентябр – октябри соли ҷорӣ ба нақша гирифтааст. «Бо мақсади пешгирии ҳама гуна мушкилот дар ин моҳҳо, дар моҳи август манъи содирот бекор намешавад. Тасмим гирифта шуд, ки дар моҳҳои сентябр-октябр низ содирот ба хотири эҳтиёт (ҳимоят) маҳдуд хоҳад шуд”, – хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба муовини […]

Пайрав Чоршанбиев, Asua-Plus

Ҳукумати Русия манъи содироти бензинро дар моҳҳои сентябр – октябри соли ҷорӣ ба нақша гирифтааст.

«Бо мақсади пешгирии ҳама гуна мушкилот дар ин моҳҳо, дар моҳи август манъи содирот бекор намешавад. Тасмим гирифта шуд, ки дар моҳҳои сентябр-октябр низ содирот ба хотири эҳтиёт (ҳимоят) маҳдуд хоҳад шуд”, – хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба муовини аввали раиси Вазорати энергетикаи Русия Павел Сорокин.

Ӯ зикр кардааст, ки роҳандозии чунин тадбирҳо барои содироти сӯзишвории дизелӣ ҳоло талаб карда намешавад, аммо ба гуфтаи ӯ, бояд барои маҳдуд кардани иқтидори содироти ин навъи сӯзишворӣ ҳатто ба қаламрави Иттиҳоди гумрукӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) кор кардан лозим аст.

"Ин кор идома хоҳад ёфт", -илова намудааст Сорокин.

Дар хабар гуфта мешавад, манъи содироти бензин аз Русия, ки дар моҳи июл истисно шуд, аз имрӯз,1 август боз барқарор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Русия аз 1 марти соли равон содироти бензинро ба муҳлати ним сол манъ кард.

Муовини сарвазири Русия Александ Новак охири моҳи феврал дар ин робита изҳор дошта буд, ки баҳри танзими талабот ба маҳсулоти нафтӣ, бояд чораҳо андешида шаванд, то ки ҷиҳати ба эътидол овардани нархҳо дар бозори дохилии маҳсулоти нафтӣ мусоидат кунанд.

Қобили зикр аст, ки маҳдудиятҳо дар содироти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон дахл надоранд, зеро он ба ҷумҳурӣ мувофиқи созишномаи байниҳукуматии кишварҳо бар асоси имтиёз интиқол дода мешавад.

Мақомоти салоҳиятдори ду кишвар то 1 октябр ҳаҷми истифодаи дохилиро дар Тоҷикистон барои соли оянда мувофиқа карда, дар бораи интиқоли ҳаҷми мушаххаси маҳсулоти нафтии Русия ба ҷумҳурӣ қарордод (тавозуни индикативӣ) ба имзо мерасонанд.

Ҳаҷми дархостшуда барои соли 2024, ки охири соли гузашта онро тарафҳо мувофиқа карда буданд, зиёда аз 970 ҳазор тонна муайян шуда буд.

Бино ба маълумоти оморӣ, дар зарфи 6 моҳи соли равон ба Тоҷикистон 237,7 ҳазор тонна бензин ворид карда шудааст, ки 99,5% ё худ 236,6 ҳазор тоннаи он аз Русия оварда шудааст.

Дар нимсолаи аввал ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба сурати умум 524,2 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки 14,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.