Русия ба муддати ним сол содироти бензинро манъ мекунад

Сарвазири Русия Михаил Мишустин манъи содироти бензинро ба муддати ним сол – аз 1 марти соли 2024 маъқул донист. Дар ин бора ба РБК манбаъи огаҳ аз қарори дахлдор дар ин бора хабар дода, як манбаи дигари наздик ба ҳукумат онро тасдиқ кардааст. Манъи муваққатӣ ба содирот ба ҳаҷмҳои мувофиқашуда ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, […]

Asia-Plus

Сарвазири Русия Михаил Мишустин манъи содироти бензинро ба муддати ним сол – аз 1 марти соли 2024 маъқул донист. Дар ин бора ба РБК манбаъи огаҳ аз қарори дахлдор дар ин бора хабар дода, як манбаи дигари наздик ба ҳукумат онро тасдиқ кардааст.

Манъи муваққатӣ ба содирот ба ҳаҷмҳои мувофиқашуда ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Муғулистон, Ӯзбекистон, Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ дахл намекунад.

Бо пешниҳоди ҷорӣ кардани манъи муваққатии содироти бензин муовини сарвазир Александр Новак ба Мишустин муроҷиат кардааст. Ӯ дар номаи худ аз 21 феврал зикр кардааст, ки ба зудӣ дар бозори дохилӣ мавсими афзоиши талабот ба сӯзишворӣ оғоз мешавад, ки ин ба давраи корҳои баҳории саҳроӣ, таъмири нақшавӣ дар корхонаҳои коркарди нафт ва ҳамчунин рухсатиҳои тобистона марбут аст.

"Баҳри танзими талабот ба маҳсулоти нафтӣ, бояд чораҳо андешида шаванд, то ки ҷиҳати ба эътидол овардани нархҳо дар бозори дохилии маҳсулоти нафтӣ мусоидат кунанд", – навиштааст Новак ва инро бо маълумоти мониторинги нархҳо дар бозори сӯзишворӣ асоснок кардаааст.

Ба ақидаи Новак, дар чунин вазъият баланд бардоштани меъёрҳои савдои маҳсулоти нафтӣ дар биржа ва ҷорӣ кардани манъи содироти сӯзишворӣ чораҳои муассири вокуниш ба хоҳанд буд.

“Ҳамзамон ҳиссаи бензине, ки дар биржа фурӯхта мешавад, ҳоло дар сатҳи хеле баланд қарор дорад ва «афзоиши минбаъдаи меъёр ба ворид шудани ҳаҷми фурӯш аз бозори хурди яклухт ба савдои биржа боис мегардад, ки ба афзоиши пешниҳод дар бозор имкон намедиҳад ва ба ҳаҷми содирот таъсир намерасонад”, – иброз доштааст Новак.

Ҳукумати соли гузашта низ содироти бензинро манъ карда буд. Моҳи сентябр бар асари босуръат болоравии нархҳои яклухт, содироти бензин ва сӯзишвории дизелӣ муваққатан манъ шуд. Дар Вазорати энергетика он замон хабар дода буданд, ки дар зарфи ду моҳ дар бозори дохилӣ маводи сӯзишворӣ аз талабот барзиёд шуда, арзиши биржавии яклухти бензин ба таври назаррас поин рафт.

Ёдрас мекунем, ки маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла бензин ба Тоҷикистон асосан аз Русия ворид карда мешавад. Аз соли 2013 маводи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ бар асоси имтиёз (бидуни боҷи содиротии гумрукӣ) оварда мешавад. Вазоратҳои энергетикаи ду кишвар то 1 октябр ҳаҷми истифодаи дохилиро дар Тоҷикистон барои соли оянда мувофиқа карда, дар бораи интиқоли ҳаҷми мушаххаси маҳсулоти нафтии Русия ба ҷумҳурӣ қарордод (тавозуни индикативӣ) ба имзо мерасонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Дору надорам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.