“Ба хонандагон сарборӣ мешавад”. Дар мактабҳои Тоҷикистон фанни наве илова намешавад

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон зарурати ворид кардани фанҳои нав ба барномаи таълимии мактабҳоро намебинад, зеро ин “сарбории мактаббачагони тоҷикро бештар мекунад”.

Ба иттилои Вазорати мориф ва илми кишвар, дар нақшаи таълимии мактабҳои Тоҷикистон барои солҳои 2024-2025 ва солҳои минбаъда ба таври универсалӣ фанҳои маърифати оиладорӣ, таърихи дин, санъати тасвирӣ, мусиқӣ ва экология, астрономия ва фанҳои зиёди дигаре омӯхта мешаванд, ки фарогири муҳити талаботи имрӯзи ҷаҳон мебошад.

“Аз ин лиҳоз, зарурати ворид намудани фанҳои нави таълимӣ ва вазнин намудани сарбории хонандаи тоҷик ба манфиати мактаби имрӯзи мо нест. Ғайр аз ин, сарбории зиёд кӯдаконро аз доираи талаботи стандартҳои фаннӣ ва таълимӣ берун меафканад, ки дарсбезорӣ ва нафрат ба баъзе аз дарсҳоро дар ӯ бедор менамояд”, – гуфтанд дар Вазорат.

Дар вазорат ҳамчунин дар бораи гузаштан ба низоми нави таълим “Муносибати салоҳиятдор” эълон кард, ки дар он на ба муаллим, балки ба иштироки фаъолонаи хонанда дар раванди таълим таваҷҷӯҳ зоҳир мешавад. Ин система ба талабагон имкон медиҳад, ки донишҳои гирифтаашонро дар ҳаёт беҳтар истифода баранд.

Илова бар ин, Вазорати маориф ва илм таъкид кардааст, ки “танҳо омӯзгорони ботаҷриба ва соҳибихтисос метавонанд воқеан ба ҷаҳонбинӣ ва дарки хонандагон таъсир расонанд, ба онҳо дар фаҳмидани мавзӯъҳо кӯмак кунанд ва дар онҳо рӯҳияи худогоҳӣ, муҳаббат ба дониш ва инсондӯстиро бедор кунанд”.

“Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО барномаҳои баланд бардоштани тахассуси омӯзгоронро таҳия менамояд”, – гуфтанд дар Вазорат.

Ёдовар мешавем, ки 8 сол қабл дар мактабҳои Тоҷикистон фанни “Маърифати оиладорӣ” ҷорӣ шуда буд.

Китоби дарсӣ ба арзишҳои оилавӣ ва хусусиятҳои бунёди оила таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Мавзӯъҳо, аз қабили омодагӣ ба издивоҷ, оқибатҳои издивоҷи хешутаборӣ, пешгирии хароҷоти беҳудаи тӯй, аҳамияти солимии оила, тарбияи фарзанд, сабабҳои муноқишаҳои оилавӣ ва ғайра баррасӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...