“Ба хонандагон сарборӣ мешавад”. Дар мактабҳои Тоҷикистон фанни наве илова намешавад

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон зарурати ворид кардани фанҳои нав ба барномаи таълимии мактабҳоро намебинад, зеро ин “сарбории мактаббачагони тоҷикро бештар мекунад”. Ба иттилои Вазорати мориф ва илми кишвар, дар нақшаи таълимии мактабҳои Тоҷикистон барои солҳои 2024-2025 ва солҳои минбаъда ба таври универсалӣ фанҳои маърифати оиладорӣ, таърихи дин, санъати тасвирӣ, мусиқӣ ва экология, астрономия ва […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон зарурати ворид кардани фанҳои нав ба барномаи таълимии мактабҳоро намебинад, зеро ин “сарбории мактаббачагони тоҷикро бештар мекунад”.

Ба иттилои Вазорати мориф ва илми кишвар, дар нақшаи таълимии мактабҳои Тоҷикистон барои солҳои 2024-2025 ва солҳои минбаъда ба таври универсалӣ фанҳои маърифати оиладорӣ, таърихи дин, санъати тасвирӣ, мусиқӣ ва экология, астрономия ва фанҳои зиёди дигаре омӯхта мешаванд, ки фарогири муҳити талаботи имрӯзи ҷаҳон мебошад.

“Аз ин лиҳоз, зарурати ворид намудани фанҳои нави таълимӣ ва вазнин намудани сарбории хонандаи тоҷик ба манфиати мактаби имрӯзи мо нест. Ғайр аз ин, сарбории зиёд кӯдаконро аз доираи талаботи стандартҳои фаннӣ ва таълимӣ берун меафканад, ки дарсбезорӣ ва нафрат ба баъзе аз дарсҳоро дар ӯ бедор менамояд”, – гуфтанд дар Вазорат.

Дар вазорат ҳамчунин дар бораи гузаштан ба низоми нави таълим “Муносибати салоҳиятдор” эълон кард, ки дар он на ба муаллим, балки ба иштироки фаъолонаи хонанда дар раванди таълим таваҷҷӯҳ зоҳир мешавад. Ин система ба талабагон имкон медиҳад, ки донишҳои гирифтаашонро дар ҳаёт беҳтар истифода баранд.

Илова бар ин, Вазорати маориф ва илм таъкид кардааст, ки “танҳо омӯзгорони ботаҷриба ва соҳибихтисос метавонанд воқеан ба ҷаҳонбинӣ ва дарки хонандагон таъсир расонанд, ба онҳо дар фаҳмидани мавзӯъҳо кӯмак кунанд ва дар онҳо рӯҳияи худогоҳӣ, муҳаббат ба дониш ва инсондӯстиро бедор кунанд”.

“Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО барномаҳои баланд бардоштани тахассуси омӯзгоронро таҳия менамояд”, – гуфтанд дар Вазорат.

Ёдовар мешавем, ки 8 сол қабл дар мактабҳои Тоҷикистон фанни “Маърифати оиладорӣ” ҷорӣ шуда буд.

Китоби дарсӣ ба арзишҳои оилавӣ ва хусусиятҳои бунёди оила таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Мавзӯъҳо, аз қабили омодагӣ ба издивоҷ, оқибатҳои издивоҷи хешутаборӣ, пешгирии хароҷоти беҳудаи тӯй, аҳамияти солимии оила, тарбияи фарзанд, сабабҳои муноқишаҳои оилавӣ ва ғайра баррасӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сафи соҳибкорон дар Тоҷикистон 4,3% зиёд шудааст

Аз ҳама зиёдтар теъдоди соҳибкороне афзудааст, ки бо патент кор мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.