Дар Тоҷикистон корҳои лоиҳакашии сохтмони роҳи оҳан то марзи Афғонистон оғоз шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Агентии рушди байнулмилалии Корея (КОIСА) дар бораи оғози гуфтушунидҳо ҷиҳати таҳияи заминаи техникиву иқтисодии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён” протокол ба имзо расониданд.

“Ҳадафи аслии лоиҳаи мазкур роҳ ёфтан ба бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ (Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон) аст”, – изҳор дошт вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим.

Ба гуфтаи ӯ, роҳи оҳани пешбинишуда ба таъмини рушди савдои минтақавӣ, дар ҳолати хуби коршоям нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгарди сохташуда, камшавии сарборӣ ва тезонидани суръати ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингард мусоидат мекунад.

“Дар сурати амалисозии муваффақонаи лоиҳа Тоҷикистон ба кишвари ҷолиби транзитии роҳи оҳан табдил ёфта, ҳамлу нақли бору маҳсулот бо кишварҳои ҳамсоя зиёд мешавад, ки ин дар навбати худ ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам дигар кишварҳои минтақа судманд аст”, – иброз дошт вазир.

Иҷрокунандаи вазифаи сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон Ким Ҷун Сик изҳор намуд, ки татбиқи лоиҳа боз як қадамест ба самти ояндаи пешрафтаи Тоҷикистон. “Ин ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба баҳр роҳи баромад пайдо карда, ҳалқаи калидӣ барои ҳамлу нақли байнулмилалӣ шавад”, – гуфт ӯ.

Сафир зикр кард, ки ин аввалин лоиҳаи Кореяи Ҷанубӣ оид ба сохтмони роҳҳои оҳан дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Ӯ изҳори итимон кард, ки корҳо дар муддати се сол пурра ба анҷом мерасанд.

Дар Вазорати нақлиёт таъкид мекунанд, ки протокол аз рӯи натиҷаҳои якчанд марҳилаҳои гуфтушунид байни ҷонибҳо ба имзо расида, ҳамаи ҷанбаҳои тадорукотиву ҳуқуқии ҷараёни таҳияи заминаи техникиву иқтисодии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён”-ро танзим мекунад. Арзиши пешбинишудаи таҳияи он 4 млн доллар арзёбӣ мешавад.

Масофаи роҳи оҳан то марзи Афғонистон ҳудуди 51 километрро ташкил медиҳад. Дар ин роҳ сохтмони 28 пул ва 160 низоми обпарто пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...