Тоҷикистон истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба роҳ мемонад

Тоҷикистон барои ҳадафҳои шаҳрвандӣ ҳавопаймоҳои бесарнишин тавлид хоҳад кард. Дар ин бора Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дирӯз, 1-уми август зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. “Технологияи истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин сода буда, ҷузъҳои онро ширкатҳои ватанӣ месозанд” – таъкид кард ӯ. Ба гуфтаи вазир, бесарнишинҳои истеҳсолшуда дар соҳаҳои геология, геодезия, кишоварзӣ, топография, нақлиёт, […]

Asia-Plus

Тоҷикистон барои ҳадафҳои шаҳрвандӣ ҳавопаймоҳои бесарнишин тавлид хоҳад кард. Дар ин бора Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дирӯз, 1-уми август зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

“Технологияи истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин сода буда, ҷузъҳои онро ширкатҳои ватанӣ месозанд” – таъкид кард ӯ.

Ба гуфтаи вазир, бесарнишинҳои истеҳсолшуда дар соҳаҳои геология, геодезия, кишоварзӣ, топография, нақлиёт, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва техногенӣ истифода мешаванд.

Моҳи июни соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон Консепсияи рушди ҳавопаймоҳои бесарнишинро барои давраи то соли 2024 тавсиб кард, ки тибқи он кишвар ҳавопаймоҳои бесарнишини низомии худро таҳия ва мутахассисонро барои идора кардани онҳо омода мекунад.

“Ҳар як давлати соҳибистиқлол вазифадор аст, ки барои таҳкими иқтидори амниятии худ чунин дастгоҳҳоро истеҳсол кунад. Мо низ ин намуди саноатро инкишоф медиҳем” – қайд кард Шералӣ Кабир.

Ҳамчунин ӯ илова кард, “истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин чун истеҳсоли мошинҳои барқӣ ба соҳаи мошинсозӣ дохил мешавад. Тоҷикистон қасд дорад якҷо бо ширкатҳои чинӣ истеҳсоли мошинҳои барқиро низ ба роҳ монад. Барои ин мо тамоми захираҳоро дорем –  иқтидори бузурги энергетикӣ ва захираи литий”, – гуфт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, дар наздиктарин фурсат дар заминаи кони литий, ки дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ аст, истихроҷи маъдан ва коркарди он шуруъ мешавад.

Соли гузашта ҶДММ “Авесто групп” ва ширкати хитоии “Ҷинчуен” дар бораи таъсиси корхонаи тавлиди мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон бо иқтидори 1500 мошин дар як сол ёддошт ба имзо расониданд.

Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар соҳаи саноати мошинсозӣ, ҳарбӣ ва кимиё ба маблағи тақрибан 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба давраи қиёсӣ 300 миллион сомонӣ бештар аст.  Афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар ин соҳаҳо 18,2 фоизро дарбар мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.