Русия ва Ғарб 24 зиндониро иваз карданд

Asia-Plus

Дирӯз, 1-уми август Русия, Амрико ва чанд кишвари дигари Ғарб 24 маҳбусро табодул карданд. 16 нафари онҳо аз зиндони Русия ва Белорус озод шудаанд, 8 нафари дигарро Амрико чанд чанд кишвари дигари ғарбӣ озод карданд.

Табодул дар фурудгогҳи шаҳри Истанбули Туркия баргузор шуд.

Маҳбусоне, ки аз зиндонҳои Русия озод шуданд:

Эван Гершкович, Владимир Кара-Мурза, Алсу Қурмашева, Пол Вилан, Иля Яшин, Олег Орлов, Кевин Лик, Александра Скочиленко, Андрей Пивоваров, Ксения Фадеева, Демури Воронин, Патрик Шебел, Герман Мойжес, Лилия Чанишева, Вадим Останин.

Аз маҳбаси Белорус як нафар – Рико Кригер раҳо шуд.

Эван Гершкович, Алсу Қурмашева ва Пол Виланро дар фурудгоҳи пойгоҳи низомии Эндрюси канори Вашингтон, президент Ҷо Байден ва ноибаш Камал Ҳаррис истиқбол гирифтанд.

Қурмашева – хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Гершкович – хабарнигори "The Wall Street Journal" ва Вилан – як мудири ширкати амниятӣ дар Мичиган – ҳамаашон шаҳрванди ИМА мебошанд.

Владимир Кара-Мурза, сиёсатмадори дигарандеш шаҳрвандии Русия ва Бритониёро дорад ва ҷанги Русия алайҳи Украинаро интиқод карда буд.

Дар навбати худ Олмон, Норвегия, Словения ва Лаҳистон панҷ нафар маҳбусонро аз зиндонҳои худ озод карданд:

Вадим Красиков, Анна Дултсева, Артем Дултсев, Михаил Микушин, Пабло Гонсалес (Павел Рубтсов).

Амрико бошад се маҳбуси русро аз зиндон раҳо кард: Владислав Клюшин, Вадим Коношченок ва Роман Селезнов.

Вадим Красиков, полковники ФСБ, ки соли 2019 собиқ ҷангандаи чечентаборро дар Берлин кушта буд, барои як умр равонаи зиндон шуда буд. Эҳтимоли табодули ӯро пештар Владимир Путин вақти мусоҳиба бо Такер Карлсон, хабарнигори шинохтаи Амрико ишора карда буд.

Маҳбусони ба Русия додашударо дар фурудгоҳ қаравули фахрӣ ва Владимир Путин пешвоз гирифтанд.

Ҷо Байден, президенти Амрико дар як изҳороте гуфт, ки 7 зиндонии аз маҳбаси Русия раҳошуда маҳбусони сиёсии рус буд.

“Ман чунин меҳисобам, ки ҳама душманони мо бояд берун аз кишвар бимонанд ва ҳама касоне, ки душмани мо нестанд, бояд бозгарданд. Ин дидгоҳи ман аст”, – гуфт Дмитрий Песков.

Қаблан соли 2010 низ мубодилаи 14 зиндонӣ сурат гирифта буд. Он навбат 10 маҳбуси рус аз зиндонҳои Амрико озод шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...