То 300 ҳазор сомонӣ, 20 ҳазор доллар ва хона. Ба ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ кӣ ва чӣ медиҳад?

Ба ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 президенти Тоҷикистон то 300 ҳазор сомонӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш то 20 ҳазор доллар ва шаҳрдории Душанбе хонаи истиқоматӣ медиҳанд. Мукофоти Президенти Тоҷикистон: Барои ҷои якум: 300 ҳазор сомонӣ; Барои ҷои дуюм: 250 ҳазор сомонӣ; Барои ҷои сеюм: 200 ҳазор сомонӣ; Мукофоти Кумитаи кор бо […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ба ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 президенти Тоҷикистон то 300 ҳазор сомонӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш то 20 ҳазор доллар ва шаҳрдории Душанбе хонаи истиқоматӣ медиҳанд.

Мукофоти Президенти Тоҷикистон:

Барои ҷои якум: 300 ҳазор сомонӣ;

Барои ҷои дуюм: 250 ҳазор сомонӣ;

Барои ҷои сеюм: 200 ҳазор сомонӣ;

Мукофоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш:

Барои ҷои якум: 20 ҳазор доллар;

Барои ҷои дуюм: 15 ҳазор доллар;

Барои ҷои сеюм: 10 ҳазор доллар;

Мукофоти шаҳрдории Душанбе:

Барои ҷои якум: хонаи истиқоматии сеҳуҷрадор;

Барои ҷои дуюм: хонаи истиқоматии дуҳуҷрадор;

Барои ҷои сеюм: хонаи истиқоматии якҳуҷрадор.

Гуфта мешавад, ки ин мукофот барои баланд бардоштани рӯҳияи варзишгарони тоҷик аст то дар Бозиҳои олимпӣ медал ба даст оранд.

То ин лаҳза, дар Бозиҳои олимпӣ то кунун танҳо гӯштингири маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков аз навъи ҷудо медали биринҷӣ ба даст овардааст.

Давлат Болтаев, муштзани тоҷик, ки Тоҷикистонро дар вазни 92 кг дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ мекунад, дар даври чаҳорякниҳоӣ Ҷек Марли аз Ирландро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ роҳи худро ҳамвор кард. Даври нимниҳоии рақобати Болтаев рӯзи 4-уми август баргузор мешавад. Ӯ ҳам соҳиби медал хоҳад шуд, аммо кадом навъи он ҳоло маълум нест.

Имрӯз охирин ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар доираи рақобатҳо дар Бозиҳои олимпии Париж – 2024 қувваозмоӣ мекунад.

Ҳамчунин, рӯзҳои баъдӣ Виктор Рассадин, дар намуди гӯштини тарзи озод ва Мунира Абдусаломова дар намуди таэквон-до WT рақобат хоҳанд кард.

То кунун Фахриддин Мадкамов – шиновари тоҷик, Эмомалии Нуралӣ, Ҷаҳонгир Маҷидов, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳи Устопириён – ҷудокорони тоҷик, Миҷгона Самадова ва Баҳодур Усмонов – муштзанони тоҷик аз медалҳои олимпӣ маҳрум шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.