“Маблағгузорӣ нашуд”. Чаро фаъолияти шуъбаи забонҳои помирии Академияи илмҳо қатъ гардид?

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Масъулини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) қатъ гардидани фаъолияти шӯъбаи забонҳои помириро ба маблағгузорӣ нашудани лоиҳаи “Таҳқиқоти синхронӣ ва диахронии забонҳои ориёӣ” рабт доданд. Ин шуъба давоми 30 соли охир ба омӯзиши забонҳои помирӣ машғул буд.

Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини президенти АМИТ зимни нишасти матбуотӣ, рӯзи 1‑уми август, хабари қатъ гардидани фаъолияти шуъбаи забонҳои помириро тасдиқ кард.

“Баста шудани шуъбаи забонҳои помирӣ ин маънои онро надорад, ки корҳои илмӣ‑таҳқиқотӣ дар ин самт қатъ шуда бошад. Ҳоло ҳамаи он мутаххасисоне, ки дар ин шуъба буданд, кор карда истодаанд ва аз рӯйи мавзуъҳои илмияшон корҳои илмиву пажӯҳишии худро идома дода истодаанд”, ‑ афзуд Саломиён.

Фарангис Шарифзода, директори Институти забон ва адабиёт ба номи  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гуфт, ки дар АМИТ ҳамаи пажӯҳишҳо ва таҳқиқотҳо тибқи лоиҳаҳо, ки тариқи маблағгузорӣ фаъолият мекунанд, пеш бурда мешаванд.

“Мо як лоиҳа пешниҳод карда будем, номи лоиҳа таҳқиқоти синхронӣ ва диахронии забонҳои ориёӣ ном дошт. Азбаски лоиҳа маблағгузорӣ нашуд, мо маҷбур шудем муваққатан, фаъолияти шуъбаро қатъ кунем”, ‑ афзуд Шарифзода.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммаддовуд Саломиён зикр кард, ки дар Институти забон ва адабиёт ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пешниҳод шудааст, ки бо номи “Шуъбаи таърихи забон” як шуъбаи нав ифтитоҳ гардад.

“Агар ин шуъба таъсис дода шавад, метавонад дар самти омӯзиши забонҳои бадахшонӣ ва дигар забонҳое, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, корҳои илмӣ‑пажуҳиширо ба роҳ монанд”, ‑ таъкид кард Саломиён.

Забонҳои помирӣ, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) забони гуфтугӯии сокинон маҳсуб мешавад. Ба гурӯҳи забонҳои помирӣ забонҳои язғуломӣ, шуғнонӣ, рӯшонӣ, рошорвӣ, бартангӣ, ишкошимӣ, саритангӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи иди баҳор –Наврӯз дастархони идона омода карда, дар он анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ гузоранд. Муҳимтарини...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...