Набудани шароити тамрин. Чаро варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Париж-2024 медали тилло нагирифтанд?

Дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар баҳси медали тилло нагирифтани варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Париж-2024 сар зад. Рӯзноманигорон аз масъулини кумита пурсиданд, ки ҳарфи ҷомеа дар мавриди он ки сабаби медали тилло нагирифтани варзишгарони кишвар набудани шароити тамрин ва иншоотҳои варзишӣ дар кишвар то куҷо дуруст аст. Муҳаммадтолиб Шокирзода, муовини раиси […]

Маҳмадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар баҳси медали тилло нагирифтани варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Париж-2024 сар зад.

Рӯзноманигорон аз масъулини кумита пурсиданд, ки ҳарфи ҷомеа дар мавриди он ки сабаби медали тилло нагирифтани варзишгарони кишвар набудани шароити тамрин ва иншоотҳои варзишӣ дар кишвар то куҷо дуруст аст.

Муҳаммадтолиб Шокирзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ин иддаоро рад кард ва гуфт, дар кишвар махсусан дар пойтахт иншоотҳои варзишии ҷавобгӯй ба талаботи байналмиллалӣ мавҷуд аст.

“Ман ба ин чиз (набудани шароити тамрин ва иншоотҳои варзишӣ дар кишвар-муаллиф) розӣ шуда наметавонам. То замони Шӯравӣ дар кишвар ҳамагӣ 1500 инфрасохтори варзишӣ мавҷуд буд. Имрӯз дар кишвар 10 ҳазору 934 иншооти варзишӣ фаъолият доранд”, – гуфт Шокирзода.

Дар ҳамин ҳол, ӯ нагуфт, ки сабаби медали тилло нагирифтани варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпии Париж 2024 чист.

Ин масъули Кумитаи ҷавонон ва варзиш аз баргузории чанд мусобиқаи байналмиллаӣ дар пойтахти кишвар мисол оварда, изҳор дошт, ки “ин ҳама гувоҳ аст ки иншоотҳои варзишии мо ба талаботи байналмиллалӣ ҷавобгӯ ҳастанд”.

“Барои ба даст овардани медали бозиҳои олимпӣ имрӯз 10 ҳазору 500 варзишгар аз 206 давлати дунё барои ба даст овардани 329 номгӯи медалҳо аз рӯйи 45 намуди варзиш мубориза мебаранд. Дилхоҳ медал, биринҷӣ ё нуқра ва ё тилло барои мо медал аст. Яъне ба даст овардани медали биринҷӣ дар Бозиҳои олимпӣ ин кори саҳлу осон нест”, – таъкид кард Муҳаммадтолиб Шокирзода.

Ёдрас мекунем, ки 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз Тоҷикистон 14 варзишгар иштирок карданд ва се нафари онҳо – Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев соҳиби медали биринҷӣ шуданд.

Ҳамчунин, 9 варзишгари дигари тоҷик мағлуб гардида, аз медалҳои Олимпиадаи Порис бенасиб гаштанд. Ду намояндаи охирини Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ – Виктор Рассадин дар риштаи куштии озод дар вазни то 74 кг ва Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо дар вазни беш аз 67 кг рӯзҳои 9 ва 10-уми август аввалин рақобатҳои худро доир менамоянд.

Бояд гуфт, ки ба ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 президенти Тоҷикистон аз 200 то 300 ҳазор сомонӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз 10 то 20 ҳазор доллар ва шаҳрдории Душанбе хонаи истиқоматӣ медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки ин мукофот барои баланд бардоштани рӯҳияи варзишгарони тоҷик аст то дар Бозиҳои олимпӣ медал ба даст оранд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз соли 1996 мекунанд ва то имрӯз 7 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ягона медали тиллои варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои тобистонаи олимпиро Дилшод Назаров аз намуди варзиши гурзпартоӣ соли 2016 аз олимпидаи Рио-де-Женейро ба даст овардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.