“Маблағгузорӣ нашуд”. Чаро фаъолияти шуъбаи забонҳои помирии Академияи илмҳо қатъ гардид?

Масъулини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) қатъ гардидани фаъолияти шӯъбаи забонҳои помириро ба маблағгузорӣ нашудани лоиҳаи “Таҳқиқоти синхронӣ ва диахронии забонҳои ориёӣ” рабт доданд. Ин шуъба давоми 30 соли охир ба омӯзиши забонҳои помирӣ машғул буд. Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини президенти АМИТ зимни нишасти матбуотӣ, рӯзи 1‑уми август, хабари қатъ гардидани фаъолияти шуъбаи забонҳои помириро тасдиқ […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Масъулини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) қатъ гардидани фаъолияти шӯъбаи забонҳои помириро ба маблағгузорӣ нашудани лоиҳаи “Таҳқиқоти синхронӣ ва диахронии забонҳои ориёӣ” рабт доданд. Ин шуъба давоми 30 соли охир ба омӯзиши забонҳои помирӣ машғул буд.

Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини президенти АМИТ зимни нишасти матбуотӣ, рӯзи 1‑уми август, хабари қатъ гардидани фаъолияти шуъбаи забонҳои помириро тасдиқ кард.

“Баста шудани шуъбаи забонҳои помирӣ ин маънои онро надорад, ки корҳои илмӣ‑таҳқиқотӣ дар ин самт қатъ шуда бошад. Ҳоло ҳамаи он мутаххасисоне, ки дар ин шуъба буданд, кор карда истодаанд ва аз рӯйи мавзуъҳои илмияшон корҳои илмиву пажӯҳишии худро идома дода истодаанд”, ‑ афзуд Саломиён.

Фарангис Шарифзода, директори Институти забон ва адабиёт ба номи  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гуфт, ки дар АМИТ ҳамаи пажӯҳишҳо ва таҳқиқотҳо тибқи лоиҳаҳо, ки тариқи маблағгузорӣ фаъолият мекунанд, пеш бурда мешаванд.

“Мо як лоиҳа пешниҳод карда будем, номи лоиҳа таҳқиқоти синхронӣ ва диахронии забонҳои ориёӣ ном дошт. Азбаски лоиҳа маблағгузорӣ нашуд, мо маҷбур шудем муваққатан, фаъолияти шуъбаро қатъ кунем”, ‑ афзуд Шарифзода.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммаддовуд Саломиён зикр кард, ки дар Институти забон ва адабиёт ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пешниҳод шудааст, ки бо номи “Шуъбаи таърихи забон” як шуъбаи нав ифтитоҳ гардад.

“Агар ин шуъба таъсис дода шавад, метавонад дар самти омӯзиши забонҳои бадахшонӣ ва дигар забонҳое, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, корҳои илмӣ‑пажуҳиширо ба роҳ монанд”, ‑ таъкид кард Саломиён.

Забонҳои помирӣ, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) забони гуфтугӯии сокинон маҳсуб мешавад. Ба гурӯҳи забонҳои помирӣ забонҳои язғуломӣ, шуғнонӣ, рӯшонӣ, рошорвӣ, бартангӣ, ишкошимӣ, саритангӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.