Шикоят аз паёми қарздорӣ. Шабакаҳои тақсимоти барқ шарҳ дод, ки сарчашмаи қарз аз барқи баъзе сокинон аз куҷост

Asia-Plus

Чанд вақти охир корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронӣ мекунанд, ки баъди насби ҳисобкунакҳои нав ва гузаштан ба низоми биллингии барқ ба онҳо паём меояд, ки аз истифодаи барқ маблағҳои зиёд қарздоранд. Дар ҳоле, ки онҳо аз барқ қарздор набуданд ва дар моҳҳои аввали пайваст шудан ба низоми биллингӣ ҳам дар бораи қарздор буданашон паёмак намеомад.

Дар нишасти матбуотии “Барқи тоҷик”, ки имрӯз, 6-уми август баргузор шуд, масъулини ҶСК “Шабакаҳои тақсимот барқ” ин муамморо шарҳ доданд.

Муҳаммад Ғуломов, менеҷери Раёсати назорати тақсимоти барқи ҶСК “Шабкаҳои тақсимоти барқ” сабаби қарздор шудани бархеҳоро ба он рабт дод, ки онҳо то пайваст шудан ба низоми биллингӣ қарздор буданд ва то пайваст шудан ба ин низом қарзи худро насупориданд.

“Вақте дар шаҳри Душанбе ин система ҷорӣ шуд, қарзҳои солҳои пеши муштариёнро барои баррасӣ кардан гузоштем… Ин қарзҳо зиёда аз 40 млн сомонӣ аст, ки ҳам ба аҳолӣ ва ҳам ба корхонаҳо дахл дорад. Мо дар аввал хостем, ки ҳамаи қарзҳоро ба барнома ворид кунем. Вале аз сабаби он ки шояд бархе қарзҳо нодуруст аст, хостем аввал баррасӣ кунем. Дар навбати аввал ба 10 ҳазор муштарӣ смс-паёмак исрол кардем. Дар маҷмуъ, беш аз 50 ҳазор муштарӣ қарздоранд, ки давра ба давра кӯшиш мекунем бо ирсоли смс-паёмак қарзҳоро пурра баррасӣ ва талофӣ кунем”, – гуфт ин масъули ҶСК “Шабкаҳои тақсимоти барқ”.

Номбурда афзуд, муштариёне, ки дар бораи қарздор будан смс-паёмак дарёфт карданд, бояд дар муддати 10 рӯз ба шабакаҳои тақсимоти барқи маҳалли зисташон муроҷиат кунанд, бо кормандон қарзро баррасӣ кунанд, дар сурати воқеан қарздрор будан онро пардохт ва дар суртаи қарздор набудан онро аз барнома берун кунанд. Дар акси ҳол бо гузашти 10 рӯз барқи муштарӣ ба таври худкор қатъ карда мешавад.

Ба таъкиди Муҳаммад Ғуломов, ҳадафи ин тасмим кам кардан ё аз байн бурдани қарзи аҳолӣ ва корхонаҳо аз истифодаи барқ аст, ки то насби системаи биллингӣ ҷой дошт.

Низоми биллингӣ – низоми автоматишудаи баҳисобгирии хизматрасонӣ, тарофабандии он ва пешниҳоди ҳисоб барои пардохт аст. Ҳисобкунакҳои барқии бо усули билинг коркунанда ҳамаи маълумоти марбут ба интиқол ва тақсимоти барқро ҷамъоварӣ ва ба ширкати таҳвилгар пешниҳод мекунанд.

Ин низом аввал ба таври пилотӣ дар шаҳри Хуҷанд амалӣ гардид ва ба гуфтаи масъулини соҳаи энергетикаи кишвар натиҷаи хуб дод. Сар аз соли 2020 ин низом дар Душанбе ҳам ҷорӣ шуда истодааст. 

Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати ҶДММ “Авеста Групп”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва ҶДММ “Душанбе Сити” муддати 5 сол ният доранд, лоиҳаи насби ҳисобкунакҳои барқиро, ки бо усули биллингӣ кор мекунанд, дар шаҳри Душанбе татбиқ созанд.

Арзиши умумии лоиҳа 88 млн. долларро ташкил дода, аз ҷумла, дар доираи он беш аз 250 ҳазор ҳисобкунакҳои нави барқ харида мешаванд.

Ҳисобкунакҳои нави барқ дар манзилҳои сокинони Душанбе бепул насб карда мешавад.

Зикр шудааст, ки пас аз амалисозии лоиҳа талафоти техникии нерӯи барқ дар шабакаҳои шаҳр аз 19%-и ҳозира то ба 12% поин меравад.

Ҳамзамон ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ аз 81%-и ҳозира то ба сатҳи 99% боло меравад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...