Дар Тоҷикистон шумори ҳодисаҳои худкушӣ кам шудааст

Дар нимсолаи аввал дар Тоҷикистон 222 ҳолати даст ба худкушӣ задан ё суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки 11 ҳолат камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд. Зикр шуд, ки аз ин шумор 175 ҳолат […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар нимсолаи аввал дар Тоҷикистон 222 ҳолати даст ба худкушӣ задан ё суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки 11 ҳолат камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Зикр шуд, ки аз ин шумор 175 ҳолат ба худкушӣ рост меояд, ки 17 ҳолат камтар нисбат ба 6 моҳи соли 2023 мебошад. Дар ҳамин ҳол, 47 кӯшиши суиқасд ба ҷони худ сабт шудааст, ки 6 ҳолат камтар нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта аст.

Бино ба маълумоти омории ВКД, дар нимсолаи аввал 112 мард (ҳамин давраи соли 2023 – 122) ва 110 зан (соли 2023 – 111) ба худкушӣ даст задаанд.

Дар робита ба ноболиғон бошад, дар зарфи 6 моҳи соли равон 18 ҳолати худкушӣ байни писарон (7 ҳолат камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023) ва 24 ҳолат байни духтарон (2 ҳолат бештар нисбат ба соли 2023) ба қайд гирифта шудааст.

Сабабҳои аслии худкушӣ бемориҳои рӯҳӣ, шароити вазнини моддӣ ва муноқишаҳои оилавӣ мебошанд. Имсол шумори ҳодисаҳои марбут ба бемориҳои рӯҳӣ дар муқоиса бо соли гузашта (84 ҳолат муқобили 51 ҳолат) 33 ҳолат афзудааст. Ҳамчунин ҳолатҳои вобаста ба шароити взанини моддӣ ва муноқишаҳои оилавӣ (соли 2024 – 10 ҳолат ва соли 2023 – 4 ҳолат) зиёд шудааст.

Ҳодисаҳои худкушӣ бо дигар сабабҳо, ки дар бораи онҳо хабар дода намешавад, 33 ҳолат кам шудааст (соли 2024 – 10 ҳолат ва соли 2023 – 43 ҳодиса). Шумори ҳодисаҳои худкушӣ бо сабабҳои номаълум 32 ҳолат кам шуда, 83 далелро ташкил додааст (соли 2023 – 115 ҳолат).

Миёни тарзҳои асосии даст ба худкушӣ задан худовезӣ бештар маъмул аст, ки 173 чунин ҳолат ба қайд гирифта шудааст (17 ҳолат камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023).

Дар идома 9 тарзи худкушӣ бо истифода аз силоҳ (соли 2023 – 3 ҳодиса зиёдтар), 9 ҳолати заҳролудшавӣ (соли 2023 – 5 ҳолат камтар), 5 ҳодисаи худро оташ задан (соли 2023 – 1 ҳолат зиёдтар), 11 ҳодисаи ғарқшавӣ (соли 2023 – 3 ҳодиса зиёдтар) сабт шудааст. Боз 10 ҳодиса ба дигар тарзҳои худкушӣ рост меояд (соли 2023 – 4 ҳодиса зиёдтар).

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио